АмниятАхборДидгоҳОсиёи МарказӣСиёсатТоҷикистонҲуқуқи башар

Мо ва хомӯшии торики Ҷаҳони мутамаддин

Саидмуҳиддин Дӯстмуҳаммадиён, рӯзноманигор.

Боядамон иқрор кард, ки мо – тоҷикон имрӯзҳо дар шароити танге қарор дорем.

Аксари бедорони тоҷик дар Душанбеву Мазори Шарифу Панҷшеру Кобулу Своту Фарғонаву Андиҷону Самарқанду Маскаву Берлину Ландону Порис ба дисононси зеҳниву вуҷудӣ мувоҷеҳ мебошанд. Воқеъияте, ки эҳсосшаванда аст.

Мо медонем, ки ҳақ бар ҷониби мост, мавзеъгириҳоямон дар баробари Ҷабҳаи Муқовимати Миллӣ одилонаву башариянд, хоставу интизориҳоямон мантиқиву қонунианд, вале Ҷаҳони Мутамаддин, ки пур аз инсонҳову ниҳодҳои хуб аст, инро воқеъиятро намебинаду ҳафтаи сеюм боз хомӯшии торике ихтиёр кардааст….

Ҳама гӯиё интизоранд, ки мо дар баробари Торикӣ ва Ҷаҳл, ки акнун садҳо ҳазор аслиҳаи амрикоӣ дар ихтиёр дорад, тоб меорем ё не…

Барои қатли як инглис ё ҳимояи ҳуқуқҳои тими як нашрияи урупоӣ садҳо ҳазор одам рӯи хиёбонҳо мерезанд, вале аз ҳаққи ҳалоли мо намегӯянд, балки талош ҳам меварзанд, ки дар муҳити расонаӣ то ҷон баромадан аз тани захминамон моро мурда эълон кунанд…

Вале оё онҳо муваззафанд, ки аз мо ҳимоят кунанд?

На!

Ва ҳич гоҳ ҳам набуданд. Вале худи мо бояд талош варзем.

Дурандешона ва ҷонфидоёна. (Агар шаби дирӯз пойгоҳи ҳарбии Айнӣ дар ихтиёри Ҳинд мебуд, тайёраву бесарнишинҳои Покистон ба Панҷшер намеомаданд ва ё агар меомаданд ҳам ҳамонҷо мемонданд…)

Мудирияти оқилонаи таҳдиду рискҳои амниятиро ба роҳ монем. Ҳатто агар Панҷшер ҳам биафтаду Панҷу Кулобу Дарвозу Душанбе ҳам дар хатар бошанд. Ва як лаҳза ҳам фаромӯш накунем, ки ин шароити танг барои бори охир ҳам нест! Мутаассифона.

Худ шоҳидед, ки омодагиҳои ҷиддӣ надоштаем, мудирияти инчунин риску хатарҳо аз назарияву амалиямон дар ду сӯи Ому хеле дур будааст. Заъфу нотавониҳоямон доранд рушан мешаванд. Дар Душанбе зиёдтар.

Расвоии муҳити расонаиямон бубинед:

Расонаи бо миллионҳо доллар пуф кардаи ИМА, пукид;

Грантхуракону “русский мир”-и Душанбе хомӯш;

Қишри бедори миллат зори як расонаи тарғиботии Кремлин ҳастем, ки тасодуфан, бинобар бекор мондани як рӯзноманигори коркуштаамон манбаъи аслии хабариямон шудааст;

Як Фаҳими Даштӣ доштем, ки қаҳрамонона ҳалок шуд. (Ҷояш фирдавси барин бод!)

Аммо…

Шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ бо даҳҳо миллион сомонӣ харҷ аз будҷаи давлат, яъне андози мову шумо ҳама нокораанд. На дар низоъи сарҳадӣ бо Қирғизистон кор доданд, на дар ин рӯзҳои ҷабҳаи тақдирсоз. Вале раҳбарони онҳо болонишин….

Акнун як лаҳза тасаввур кунед, ки

“Миллат”-и Адолати Мирзо муҳиммтарин шабакаи телевизионии порсизабони ҷаҳон асту

“Озодагон”-и  Зафари Суфӣ шабакаи хабарии минтақаии муваффақ дар ОМ

ва рӯи мавҷҳои радиои “Тоҷик” зери раҳбарии Абдуқодир Талбаков муқовиматгарони Панҷшер иттилоъи аҳамияти низомӣ дошта мегиранд… .

(Аз расонаҳои худаму тавонмандиҳои ҳайатҳои эҷодии онҳо чизе намегӯям).

Ҳоло ҳам дер нашудаасту вақти амал аст.

Ё мо саф меороему стротежии нав падид оварда,  пирӯз мешавем ё ҳадди аққал душманро заъиф мекукнем, ё душман дар 3-4 сол қавитар мегардаду  хокамонро мебезад.

Акнун чаппа кардани тандиси Исмоили Сомониро дар Душанбе ҳам тасаввур кунеду аз хоби эҷоди ҳукумати хонаводагӣ ё итоат ба он бедор шавед.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *