АмниятАхборОсиёи МарказӣСиёсат

Нерӯҳои муқовимати Панҷшер мегӯянд, ки ба ҷанги чирикӣ мегузаранд

Намояндаи Ҷабҳаи муқовимати Афғонистон Алӣ Назарӣ гуфт, ки нерӯҳои муқовимат дар Панҷшер  аз ҷанги муқаррарӣ ба ҷанги чирикӣ мегузаранд.

Дар ин бора Financial Times хабар медиҳад.

Ба гуфтаи ӯ, Толибон таблиғ мекунанд, ки водии Панҷшерро тасарруф кардаанд, ки ин дуруст нест.

“Ворид шудан ба Панҷшер ҳанӯз маънои пирӯзиро надорад”,- таъкид намуд Назарӣ.

Вай қайд кард, ки қувваҳои муқовимат ду рӯз ҷанги муқаррарӣ бурданд. Ҳоло муҷоҳидин ба кӯҳҳо ақибнишинӣ кардаанд ва дар он ҷо муқовимат ба Толибонро идома хоҳанд дод.

Сухангӯи Толибон  Забеҳуллоҳ Муҷоҳид изҳор дошт, ки Толибон ягона минтақаи Афғонистон, вилояти Панҷшерро, ки таҳти назораташон набуд, ишғол кардаанд ва ҷанг дар Афғонистон ба охир расид.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *