ДидгоҳСиёсатТоҷикистонҲуқуқи башар

Нигоҳи дигар ба масъалаи Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имсол Тоҷикистон 30-солагии Истиқлоли давлатиро бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил намуд. Дар арафаи ин ҷашн аксари расонаҳои давлатӣ ва озоди кишвар танҳо дар бораи  муваффақияту дастовардҳои Тоҷикистон дар муддати сӣ соли Истиқлол сухан гуфтанд. Аммо дар бораи он, ки ин сӣ сол барои Тоҷикистон  танҳо солҳои  комёбиву дастовард ва рушду тараққӣ будаанд, назарҳо мухталифанд. Дидгоҳи  мухолифини Ҳукумати Тоҷикистон, раҳбари ҷунбиши “Ватандор”, рӯзноманигор Додоҷони Атовулло ва раҳбари Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” Суҳроб Зафар дар ин масъала дигар аст.

Сиёсатмадор ва рӯзноманигори мухолиф Додоҷони Атовулло 16 сентябр бо нашри матлабе дар саҳифаи Фейсбук  дар вокуниш ба суханронии ахири раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  бахшида ба Ҷашни Истиқлол, ки дар он сухан  танҳо аз боби муваффақияту дастовардҳои кишвар рафт, нигоштааст, ки “ҳар сол як тӯда кастумпӯшакҳо Рӯзи Истиқлол бо ҳам меоянд. Ҳафт шабу ҳафт рӯз мерақсанду месароянд. Ба синаи  ҳамдигар ордену медол мечаспонанд. Шукрона мегӯянду наъра мекашанд:

«Ба пеш!». Вале Истиқлол барои “ онҳое, ки ҳар сол кӯлбор дар дӯш барои дарёфти қути лоямут ба муҳоҷират мераванд”, барои “модаре, ки фарзандашро ба муҳоҷират чун ба ҷанг мегуселонад”, барои “онҳое, ки хона ба хона, авлод ба авлод таҳти таъқиб қарор доранд”, барои “онҳое, ки  падар, бародар, ё фарзандашон дар зиндонҳо бегуноҳ нишастаанд”, чӣ дод?

Додоҷони Атовулло дар ҳошияи суханони Эмомалӣ Раҳмон пас аз муколамааш бо овозхони афғонистонӣ Фаҳим Фано, ки мегӯяд:   «Шукронаи Ватан кунед. Беватанӣ зинда дар гӯр даромадан баробар аст! Бисёр вазнин аст!» ба раисҷумҳури Тоҷикистон хитоб карда, аз ӯ пурсидааст, ки:

“Кӣ маро беватан кард?

Кӣ ҳазорон чун манеро ба тарки Ватан маҷбур кард?

Кӣ дари Ватанро ба рӯи ҳазорон табибу тоҷиру шоиру журналисту муҳандис ба хотири он ки ба «сиёсати хирадмандонаи шумо» розӣ нест, баст?!”

Додоҷони Атовулло дар бораи  Истиқлоли воқеӣ сухан ба миён оварда,  навиштааст, ки “Истиқлол озодист. Озодии сухан, озодии андеша, озодии виҷдон, озодии интихоб. Аз тамоми озодиҳо мардуми тоҷик як озодӣ дорад – озод мурдан.  Дигар ҳеҷ!”

Сиёсатмадори мухолифи тоҷик суханашро бо он ҷамъбаст намудааст, ки “… Истиқлол ҳамон соле арзандаи номаш мегардад, ки ман дар Берлин не, дар Душанбе бошам, бо ҳама мухолифони дигар. Рӯзона дар майдони Исмоили Сомонӣ митинг гузаронем ва камбудиҳои ҳукуматро бигӯем ва шом тасодуфан дар тӯйе бо Эмомалӣ Раҳмон вохурему дасти ҳамдигарро бифишорем. Ва донем, ки сиёсат сиёсату одамият одамият аст. Яке дар чеҳраи дигаре душманро набинад.”

Раҳбари Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” Суҳроб Зафар низ 9 сентябри соли равон суҳбатеро  ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ихтисос дода, дар атрофи ин масъала изҳори андеша намуд.  Ӯ аз ҷумла дар бораи он, ки мо имрӯз  воқеан ҳам соҳибистиқлол ҳастем ё на, гуфт, ки агар  аз нуқтаи назари ҳуқуқи байнулмилалӣ нигоҳ кунем, Тоҷикистон ҳамаи рукнҳои  кишвари соҳибистиқлолро доро мебошад, вале аз сабаби он ки из лиҳози иқтисодӣ ва низомӣ заиф  мебошад, дар тасмимгириҳои аксари масоили дохиливу хориҷӣ  кишвари соҳибихтиёр нест ва зери нуфӯзи абарқудратҳо, аз ҷумла Русия қарор дорад.

Раҳбари “Гурӯҳи 24” таваҷҷуҳи бинандагонро ба он ҷалб кард, ки Ҳукумат дар зарфи 30 сол  чӣ иштибоҳотеро муртакиб шуд, ки ба Истиқлоли воқеии мо халал ворид сохт.  Нахустин иштибоҳе, ки аз назари ӯ раҳбарони кишвар дар  солҳои аввали соҳибибихтиёрӣ содир намуданд, бетаҷрибагӣ ва идора карда натавонистани кишвар буд, ки мунҷар ба ҷанги шаҳрвандӣ шуд.  Баъдан,  “ҳарчанд  ҷанг бо сулҳ анҷомид, вале мусолиҳаи миллӣ дер напоид ва тарафҳо то имрӯз дар ин фоҷеа ҳамдигарро гунаҳкор дониста, аз роҳбарони ҳамдигар  “авлиё”-ю “пешво” метарошанд”.

Бохти дигари Тоҷикистон дар ин солҳо ба андешаи Суҳроб Зафар фақр, бекорӣ ва  рӯ ба ҳиҷрат овардани садҳо ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад, ки он боиси  бесарпаноҳ ва беқадру беэътибор гаштани мардум дар кишварҳои бегона гардид.” Фақр ҳайсияти инсониро аз байн мебарад!- таъкид кард ӯ.

Масъалаи дигаре, ки раҳбари “Гурӯҳи – 24” таваҷҷуҳи бинандагонро ба он ҷалб намуд, саркӯб шудани озодандешӣ ва тарсу гардидани мардуми кишвар аст.  Ба пиндори ӯ дар зарфи сӣ соли Истиқлол “мо то ин дараҷа тарсу шудем, ки моликияти моро мегиранд, мо хомӯшем,  то он дараҷа тарсу шудем, ки падарону бародарон ва фарзандону дӯстони  моро зиндону қатл ва шиканҷа мекунанд, мо хомӯшем. Мо, мардуми мусалмон имрӯз то он дараҷа тарсу шудаем, ки аз Худо дида, бештар аз Раҳмонов ёд мекунем, аз Худо дида, бештар Раҳмоновро васфу ситоиш мекунем. Имрӯз дар ҷомеаи Тоҷикистон касе шак надорад, ки аз васфи Худову Паямбар васфи Раҳмонов бештар аст”.

Бохти дигари кишвар дар замони Истиқлол  ба андешаи Суҳроб Зафар набудани артиши қавист. Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон дар солҳои аввал артиши қавӣ дошт, вале аз сабаби ба дасти одамони бесалоҳият вогузор шудан артиш тадриҷан заъиф шуд ва гумон аст, ки ин артиш имрӯз  соҳибихтиёрии Тоҷикистонро таъмин карда тавонад.

Суҳроб Зафар дар масъалаи Истиқлол ба ин натиҷа расид, ки “Тоҷикистон ҳам дар замони Русияи подшоҳӣ, ҳам зар замони шӯравӣ ва ҳам дар даврони Истиқлол ҳеҷ гоҳ озод набуд ва дар дар зери зулм қарор дошт. Имрӯз  Истиқлоли Тоҷикистонро танҳо ба Раҳмонов рабт медиҳанд ва аз онҳое, ки дар солҳои бистуми садаи бист ва онҳое, ки дар солҳои навади асри гузашта барои он саҳм гузоштанд, ёд намекунанд. Имрӯз Раҳмонов барои ҳифзи қудрат розӣ аст, мо зери зулм ва нуфузи абарқудратҳо ва ҳамсоякишварҳо  бошем, зеро медонад, ки агар ба ҳарфи онҳо лабайк нагӯяд, қудратро аз даст медиҳад. ?”

Дар охир раҳбари “Гурӯҳи 24”  аз  зиёиёни кишвар даъват ба амал овард, ки ба сафи ҳизбу ҳаракатҳое, ки дар хориҷ аз кишвар  вобаста ба имкониятҳояшон бар зидди режими Раҳмонов мубориза мебаранд, пайванданд.

Ин буд назари ду нафар аз сиёсатмадорони мухолифи Ҳукумати Тоҷикистон дар робита ба масъалаи Истиқлол, ки пешкаши шумо намудем.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *