ДидгоҳОсиёи МарказӣСиёсатТоҷикистонҲуқуқи башар

Нуралӣ Давлат: “Родиюи Тоҷикистон бояд садои Ҷабҳаи муқовиматро ба гӯши ҷаҳониён расонад”

Нуралӣ Давлат, рӯзноманигор

Муқовиматгарони Панҷшер ба ғайр аз муҳосираи сиёсиву иқтисодӣ ҳамчунин дар инзивои иттилоотӣ қарор гирифтаанд. Барои ҳарчӣ зудтар рафъ кардани ин хатар бояд радиои бурунмарзии Тоҷикистон даст ба кор шавад.

Фикр мекунам, ки дар Панҷшер ва дигар вилоёти Афғонистон, ки тамоми расонаҳо зери сонсури толибон мондаанд, радиои бурун марзии Тоҷикистон метавонад маҳдудиятҳои иттилоърасониро рахна кунад.

Бояд садои муқовиматгарони Панҷшер ба тамоми дунё расонида шавад. Бовар дорам, ки агар радиои бурунмарзии Тоикистон ин корро ба ӯҳда бигирад, ба қатори мӯътабартарине радиоҳои ҷаҳон шомил мешавад. Ҳоло расонаҳои бузурги ҷаҳонӣ хабарҳои толибонро пахш мекунанд. Аммо хушбахтона, ҳоло дар ҷаҳон одамони зиёде ҳастанд, ки мехоҳанд аз Ҷабҳаи муқовимат хабар дарёфт кунанд.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *