АмниятДидгоҳКишварҳои пасошӯравӣОсиёи МарказӣСиёсатТоҷикистонҲамкорӣҲуқуқи башарҶаҳон

РАҶАБИ МИРЗО: “ВИРУС”- и Путин

Кӣ ва чаро намехоҳад Душанбе ба як маркази муҳими сиёсӣ табдил ёбад?

Теъдоди маъракаҳои Душанбе дар ҳафтаи пешорӯ яке кам шуд. Шояд маъракаи муҳимтарин ҳам ҳамин буд. Агар Путин меомад

Аммо ӯ якбора “тарсид”. Гуфт, ки кадоме аз атрофиёнаш коронавирус шудааст ва ба хотири эҳтиёт ба карантин меравад. Ба эҳтимоли зиёд ин “карантини сиёсӣ” аст. Барои ин гуна карантин баҳона ҳар чиро кардан мумкин, сабабашро бошад танҳо доираҳои хос дониста метавонанд. Ё тақрибан дуруст тахмин задан.

Хабаре, ки Путин дар арафаи чорабиниҳои дар Душанбе дар нақша буда ба карантин рафт, барои аксар сиёсатмадорон ногаҳонӣ буд. Чаро ки чанд соат пеш аз ингуна мавқеъгирӣ Путин бо Башор Асад мулоқот дошт. Воқеан, сафари Президенти Сурия ба Россияро ҳам Кремл як рӯз пас аз рафтанаш эълон намуд. Шояд барои ин гуна эҳтиёт, ки онро пинҳонкорӣ номидан дурусттар аст, асос пайдо намуданд. Ба ҳар ҳол, Путин бе ҳадаф ва маълумоти хос иқдом намегирад. Кори ӯ ҳамин аст. Махсусан вақте фосилаи бозиҳои геополитикиро ҳарчӣ тангтар мебинад. Он ҳам дар яке аз минтақаҳое, ки Кремл ҳамоно зери нуфузи худ тасаввур мекунад…

Шояд бо ҳамин сабаб, ё ҳар ҳадафи дигар, дар Душанбе ӯро сахт интизор доштанд. Як рӯз пеш аз мулоқотҳо бо роҳбарони созмонҳои бузурги минтақавӣ, ки гуфтан мумкин дар ҷаҳон таъсири андак надоранд, президенти рус бояд сафари давлатии расмӣ анҷом медод ва ба маъракаҳои бузурги пойтахти Тоҷикистон оғоз мебахшид. Инро як навъ “фотиҳаи сиёсӣ” мегӯянд ва дар ин шабу рӯз Ҳукумати Тоҷикистон ба он хеле ниёз дошт. Вақте сахт азоби танҳоӣ мекашад…

Зимнан, дар маҳфилҳои сиёсӣ бештар ба ин таваҷҷӯҳ мешуд, ки дар ин вазъияти ҳассоси вобаста ба қазияҳои Афғонистон барои Душанбе баргузории якбора чор маърака вазнинӣ намекунад?

Дуруст, дар Душанбе се чорабинии бузурги сиёсӣ дар нақша буд: нишастҳои Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Паймони Дастаҷамъӣ ва сафари расмии Путин, ки дар рӯйхат якум буд.

Вале як масъалаи дигар ҳам ҳаст, ки дар бораи он ошкор намегӯянд: ҷамъ шудани ниҳодҳои амниятии тақрибан тамоми абарқудратҳои минтақа ва кишварҳои сернуфузи ҷаҳон дар Тоҷикистон!

Зеро маълум аст, ки дар чунин маъракаҳо сохторҳои вижа чанд вақт пеш аз роҳбаронашон ба макони чорабинӣ меоянд. Ва ин ҳама дар ҳамсоягии қазияе, ки тамоми дунёро гӯё ба ташвиш овардааст: Афғонистон, ки гуфта мешавад аслан ҷанги байни ниҳодҳои вижа аст. Ҳар иттифоқ пеш омаданаш имкон дорад ва ҳар маълумот ё иғво низ метавонад паҳн шавад…

Ин ҳам дуруст аст, ки пеш аз Путин раҳбарони Чин ва Ҳиндустону Муғулистон ҳам гуфтанд ба Тоҷикистон намеоянд. Ҳарчанд бо омадани раҳбарони Чину Ҳиндустон маҳфили Душанбе метавонист сахттар гарм шавад. Си Сзинпин, агар меомад, на танҳо ҷойгоҳи маҳфилро дигар мекард, балки Тоҷикистон бояд як “рекорд” –и нав мегирифт: роҳбари Чин шурӯъ аз соли 2020, яъне пас аз саршавии коронавирус ягон сафари хориҷӣ анҷом надодааст!

Наренда Моди бошад метавонист як ҳампаймони нисбии Эмомалӣ Раҳмон дар қазияи Афғонистон бошад. Албатта аз рӯи мавқеъгириҳое, ки нисбати Покистон дорад. Воқеан, Душанбеи расмӣ новобаста аз даъватҳо муносиботашро бо Исломобод вайрон накард. Урфи дипломатӣ якест, шояд ҳадафҳои дигаре ҳам ҳаст..

Дуруст, Путину Сзинпину Моди мегӯянд ба тариқи онлайн дар сӯҳбатҳои Тоҷикистон ҳузур пайдо мекунанд. Вале баҳсу баррасиҳои рӯ ба рӯ маълум аст, ки натиҷаи дигар хоҳанд дошт. Хоса дар ин рӯзҳо, ки тавре гуфтем Душанбеи расмӣ эҳсоси танҳоӣ дорад.

Манзур вокуниши комилан дигаргунаи Ҳукумати Тоҷикистон вобаста ба қазияи Афғонистон аст. Ҳанӯз дар ибтидои ҳодисаҳо, ки маҳфилҳои ҷиддии сиёсӣ то андозае даступохӯрда буданд, Эмомалӣ Раҳмон дар сӯҳбат бо намояндаи Покистон ҳарфҳое гуфт, ки онро мисли як баёнияи наву тафвоутпазири сиёсӣ дар ин қазия ҳисобиданд. Маълумот ҳам дар бораи теъдоди тоҷикони сокини ин кишвар нав буд. Ба ҳар ҳол, то ин замон дар бораи 46% тоҷик будани аҳолии Афғонистон маълумот расонаӣ нашудааст. Чизе дар атрофи 30 то 40 фоиз мегуфтанд…

Нишастҳои Душанбе аз он ҷиҳат ҳам муҳим ба назар мерасанд, ки бояд ба Созмони Ҳамкориҳои Шанхай як аъзои нав зам шавад ва он ҳам як кишвари дар сиёсатҳои ҷаҳон пурсару садо – Эрон. Барои президенти навинтихоби эронӣ Иброҳим Раисӣ ин аввалин сафари хориҷӣ хоҳад буд. Аммо як нуктаи нозук ин аст, ки сафари Президенти Эрон ба Душанбе пас аз дидораш бо сарвазири Ироқ Мустафо Қозимӣ дар Теҳрон иттифоқ меафтад. Ироқ дар сиёсатҳои минтақа чӣ ҷойгоҳ дорад, шарҳ намехоҳад. Хеле аз ҳаводиси имрӯз бармегарданд аз рухдодҳои Ироқ. Ин сафари савазири ироқӣ гардиши дигаре дар мунсоибатҳои байни ду кишвар буд, ки то наздикӣ ба ҳам ихтилофи сахт доштанд. Ин гуна ҳолатҳо аз баррсиҳои ҷиддӣ канор намемонанд…

Барои Эрон, ки солҳо боз дар интизории узвият ба СҲШ аст, нишасти Душанбе ҳам осон нахоҳад буд: оё дар шароити пуршиддати минтақа узвияти як кишвари исломиро чӣ гуна мепазиранд?

Ҳарчанд Эрон дар ин созмон аз соли 2005 нақши нозирро дорад. То соли 2015 ба хотири таҳримҳои мавҷудаи байналмилалӣ наметавонистанд қабулаш кунанд. Аммо баъд Тоҷикистон муқобили воридшавиаш гардид, чун ҳукумат Теҳронро дар ҳамкорӣ бо мухолифони террористӣ эълонкардааш муттаҳам намуд.

Ҳоло мисле, ки дар муносибатҳои ду кишвар гармӣ эҳсос мешавад. Барои Тоҷикистон ҳам як ҳампаймон дар ин рӯзҳо бад нест. Хоса он кишваре бошад, ки агарчӣ мушкилоти зиёде дорад, аммо дар муқобили қудратҳо тавонмандона истодагарӣ карда метавонад…

Аммо танҳо инҳо нест, ки чанд рӯзи пешорӯ номи Душанберо дар маҳфилҳои сиёсӣ ва расонаҳои хабарии ҷаҳон баланд кунад. Як хабари дигари расман тасдиқнашуда, аммо дар расонаҳои хабарӣ паҳншуда низ номи пойтахти Тоҷикистонро ба сархат хоҳад баровард. Хабаргузории “Спутник” навишт, ки Амруллоҳ Солеҳ, ки худро ҳукумати расмии Кобул медонад, ба Тоҷикистон паноҳ бурдааст. Гуфта мешавад ба хотири таъмини амнияташ ӯро фиристодаанд. Ҳоло маълум не, ки ба чӣ роҳе. Зеро Ҷабҳаи муқовимати Масъуд, ки дар кӯҳҳои Панҷшер меҷанганд, роҳу даҳлезе барои фиристодани намоянда ба ҷое надорад. Қаблан ҳам чунин хабарҳое буд, аммо баъдан такзиб шуд. Ҳоло, агар ин хабар рост аст, чунин маъние ҳосил мешавад, ки Солеҳ барвақт дар Душанбе будаву барои суханронӣ дар нишастҳои Тоҷикистон “ҳифз шудааст”.

Суханронии ӯ, агар воқеан дар Душанбе асту чунин имконро барояш диҳанд, албатта гардиши наве дар қазияи Афғонистон хоҳад гашт ва ин “армуғони” тозае хоҳад буд. Бо ин вуҷуд, ки хатарҳоеро ҳам дар пай дорад.

Масалан, оё баҳонае нахоҳад гашт, ки “толибон” “асабӣ” шаванду барои ташаннуҷ додани сарҳад дастак пайдо кунанд?

Чунин гардиш ҳамаи сиёсатҳоро тағйир намедиҳад?

Оё дар Ӯзбекистон надидем, ки “толибон” ва ҳампаймонҳояш чӣ гуна фишор оварда тавонистанду Атову Дустумро водор ба хориҷшавӣ аз ин кишвар намуданд?

Магар чунин ҷараёни ҳодисаҳо барои тарроҳони воқеоти минтақа мувофиқ намеояд, агар доманаи қазияро бештар карданианд?

Шояд “қаҳри” Путин аз нишасти Душанбе яке, агар мавзӯи ба онҳо надодани сарҳад бошад, дуюм ин “худсарӣ” –и ҷониби Тоҷикистон барои фаротар рафтан аз қоидаи муқарраркардаи онҳо фаҳмида шуд? Кремл мегуфт, ки бо “толибон” барои он музокирот дорад, ки ба кишварҳои зери нуфузаш ҳуҷум накунанд…

Пас шояд Путин барои худ беҳтар донист, ки ҷараёни ҳодисаҳоро назорат мекунаду баъд тасмим хоҳад гирифт?

Аммо ин ки ӯ бо сафари расмӣ ба Душанбе дертар меояд, набояд инкор шавад. Путин “танҳоӣ” –ро дӯст медорад. Барои рафтану нарафтан ба ҷамъомадҳои муҳим сабабу баҳона ҳамеша ёфтан мумкин. Хоса вақте дунёро “вирус” пур кардасат, аз ҷумла маҳфилҳои сиёсиро ҳам.

Ёдамон ҳаст, ба ҷанозаи Ислом Каримов ҳам дар соли 2016 президенти рус нарафт. Яке аз пояҳои асосии тобутро Эмомалӣ Раҳмон бардошт. Путин чанд рӯз пас рафт, аммо муваффақ шуд, ки “ҳама чиро дуруст” ҳал кунад…

Албатта ин фарзия низ ҷо дорад, ки якбора ва дар шабу рӯзи ҳассос пешкор ва пурсадо шудани Душанбе шояд ба қудратҳои дигари ҷаҳонниз хуш намеояд. Вагарна дар ҳамин қазияи Афғонистон, ки даҳсолаҳост давом дорад, чаро кишварҳои минтақа худашон дар алоҳидагӣ пешкор нашуданд?

Гумони ғолиб ин аст, ки имкон надоданд. Акнун, ки доманаи бозиҳо тангтар мешавад, оё чунин имконро хоҳанд дод?
Ин аст саволи асосӣ…

Раҷаби Мирзо, рӯзноманигор

                                                                        Манбаъ:  Нуқтаи назар Nuqta.t

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *