АмниятАхборОсиёи МарказӣСиёсатТоҷикистон

Толибон нерӯҳои вижаи худро ба марз бо Тоҷикистон сафарбар карданд

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, муовини вазири иттилоот ва фарҳанги ҳукумати ҷараёни дар Тоҷикистон мамнӯи Толибон гуфт, ки дар вилояти Тахори Афғонистон, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз аст, “даҳҳо ҳазор нерӯҳои махсус” мустақар карда шуданд.

“Даҳҳо ҳазор нерӯҳои вижа дар Тахор барои рафъи таҳдидҳои амниятӣ ва дигар таҳдидҳои эҳтимолӣ сафарбар карда шуданд”- навишт ӯ дар саҳифааш дар Твиттер.

Қаблан Мулло Абдулғанӣ Бародар, муовини раиси ҳукумати  Толибон  гуфт, ки Тоҷикистон ба корҳои дохилии ин кишвар мудохила мекунад.

Ӯ дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии Ал-Ҷазира гуфт: “Тоҷикистон ба умури мо мудохила мекунад, аммо ҳар амал дар худ аксуламале дорад”.

Ин изҳороти мақоми баландпояи Ҳукумати Толибон дар ҳоле свдо медиҳад, ки қаблан мақомоти Тоҷикистон аз ваъдахилофиҳои Толибон дар мавриди ташкили ҳукумати ҳамашумул ва тартиботи ҷорикардаи онҳо интиқод намуда, ба мардумсолорӣ ва риояи ҳуқуқи ҳамаи мардуми Афғонистон таъкид намуда буд. 

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *