АхборДидгоҳОсиёи МарказӣСиёсатТоҷикистонҲуқуқи башар

Толибон Тоҷикистонро барои набудани демократия интиқод карданд

Намояндаи ҷунбиши террористии дар Тоҷикистон мамнӯи Толибон  Инъомуллоҳ Самангонӣ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро барои набудани демократия дар кишвар интиқод кард.

Дар ин бора “Sputnik Тоҷикистон” хабар медиҳад.

“Вай 27 сол аст, ки  Президенти Тоҷикистон аст ва шаш соли оянда ҳам боз Президент хоҳад буд ва пас аз он, шояд боз дар ин мақом боқӣ  монад. Дар кишвари ӯ панҷ ҳизбе, ки ҳама ҷонибдори ҳукуматанд, дар интихобот иштирок карданд ва ин шахси мӯҳтарам боз дар бораи баргузории интихобот дар Афғонистон маслиҳат медиҳад, ”- гуфт Самангонӣ.

Қаблан раҳбари дафтари сиёсии Толибон, иҷрокунандаи вазифаи муовини раиси ҳукумати Толибон Абдулғанӣ Бародар Тоҷикистонро дар дахолат ба умури дохилии ин кишвар муттаҳам карда буд.

Толибон дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон амалиёт оғоз карданд. Дар миёнаҳои моҳи август онҳо эълон карданд, ки тамоми қаламрави кишварро таҳти назорат гирифтаанд ва дар аввали моҳи сентябр ҳайати ҳукумати навро эълон карданд.

Раҳмон қаблан хостори таъсиси ҳукумати фарогир дар Афғонистон бо иштироки ҳамаи ақаллиятҳои миллӣ, аз ҷумла тоҷикон шуд. Душанбе гуфт, ки ҳеҷ як кобинаи дигаре, ки “тавассути зулм ташкил шудааст” эътироф намешавад.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *