АмниятАхборОсиёи МарказӣСиёсатТоҷикистонҲуқуқи башарҶаҳон

Фушурдаи ахбор дар бораи вазъ дар Афғонистон

Имрӯз, 14 сентябр даҳҳо  зану духтари афғонистонӣ  дар бинои сафорати ин кишвар дар Душанбе  алайҳи ҷараёни дар Тоҷикистон мамнӯи “Толибон” ва Покистон гирдиҳамоӣ доир намуданд. Онҳо бар зидди аъмоли Толибон ва мудохилаи кишвари Покистон ба умури дохилаи ин кишвар шиор партофтанд. Тибқи иттилои радиои Озодӣ  “дар оғоз қарор буд, намоиш дар ҳавлии сафорат баргузор шавад, баъдан онро ба дохили бино кӯчонданд. Як масъули сафорат ба мо гуфт, “сабаб ин буд, ки оромии атроф халалдор нашавад.”

Толибон  сафари вазири нави корҳои хориҷии ҳукумати навтаъсиси Толибон Амирхон Мутақиро ба Русия, Чин ва Эрон зарур мешуморанд, аммо ин нақшаҳо бояд дар ҳамоҳангӣ бо ин кишварҳо таҳия карда шаванд. Дар ин бора РИА Новости бо истинод ба намояндаи дафтари сиёсии Толибон Суҳайл Шоҳин хабар дод.

Тарҷумони собиқи афғон Шариф Каримии 31-сола, ки дар нерӯҳои бритониёӣ дар Афғонистон кор мекард, дар бораи рабуда шудани ӯ аз ҷониби Толибон сӯҳбат карда, аз мақомоти Бритониё хостааст, ки ӯро ҳарчи зудтар аз кишвар берун кашанд. “Онҳо (Толибон) маро зуд -зуд латукӯб мекунанд ва ман дар ҳолати дипрессия қарор дорам.  Маро дар як ҳуҷраи даҳшатнок нигоҳ медоранд, ки дар он ҷо  чанд рӯз аст на дароз кашида метавонам ва на хобида метавонам”- суханони Каримиро бо ному насаби аслияш иқтибос овардааст  Times.

Пас аз ба сари қудрат расидани Толибон дар Афғонистон  беш аз 150 расонаҳои маҳаллӣ кори худро қатъ карданд. Дар ин бора  шабакаи телевизионии Tolo News хабар медиҳад.

Утриш (Австрия) дигар муҳоҷирон аз Афғонистонро ба қаламрави кишвараш  роҳ дода намедиҳад. Дар ин бора сарвари Ҳукумати кишвар Себастян Куртс дар мусоҳиба бо рӯзномаи итолиёии la Stampa  изҳор дошт.

Қатар аз Толибон  даъват мекунад, ки  ба риояи ҳуқуқи инсон, бахусус ҳуқуқи занон эҳтиром гузоранд. Дар ин бора Reuters бо истинод ба баёнияи вазири корҳои хориҷии Қатар Шайх Муҳаммад бин Абдураҳмон Ал-Сонӣ зимни нишасти матбуотии муштарак бо Жан-Ив Ле Дриан, вазири корҳои хориҷии Фаронса  хабар медиҳад

Маъмурияти ИМА ният дорад  нақши Покистонро дар дастгирии Толибон арзёбӣ кунад, гуфт котиби давлатии Амрико Энтони Блинкен. Вай қайд кард, ки амалҳои Покистон “дар бисёр ҳолатҳо ба манфиатҳои Иёлоти Муттаҳида мухолифанд”.

Дар Русия масъалаи эътирофи ҷунбиши Толибон дар рӯзномаи рӯз нест, гуфт муовини Раиси Шӯрои Федератсия Константин Косачев. “Мавқеи Русия оид ба Афғонистон  бо рушди рӯйдодҳои ин кишвар муайян мешавад.  Мо мефаҳмем, ки Толибон   ҳамчун як ҳаракат, ҳамчун як нерӯи сиёсӣ қаламрави кишварро назорат мекунанд ва аз ин нуқтаи назар онҳо бояд ба  шарикони муколама табдил ёбанд”- гуфт Косачев ба хабарнигорон.

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин ба ҷомеаи ҷаҳонӣ дар бораи зарурати тафтиши амалҳои ИМА дар Афғонистон муроҷиат кард. Чин хостори тафтиши ҳамаҷонибаи ҳалокати ғайринизомиён дар Афғонистон бар асари амалиётҳои низомиёни амрикоӣ шуд. Изҳороти дахлдорро намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжао Лицзян баён кард.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *