АмниятАхборКишварҳои пасошӯравӣОсиёи МарказӣСиёсатТоҷикистонҲамкорӣҶаҳон

Фушурдаи рӯйдодҳои ахири Афғонистон

Комиссари олии СММ оид ба паноҳандагон Филиппо Грандӣ баро арзёбӣ намудани вазъият вориди Афғонистон шуд. Ӯ дар ин бора рӯзи душанбе, 13 сентябр дар саҳифааш дар Twitter хабар дод.

Фаронса бо  ҳукумати Афғонистон, ки аз ҷониби ҷараёни дар Тоҷикистон мамнӯи Толибон таъсис ёфтааст, робита барқарор нахоҳад кард. Дар ин бора France 5 бо истинод ба изҳороти вазири умури хориҷии Фаронса Жан-Ив Ле Дриан, хабар медиҳад. “Толибон то ба ҳол ваъдаҳои додаи худро дар бораи  иҷозаи хурӯҷи озодонаи баъзе хориҷиён ва афғонҳо аз кишвар ва ташкили ҳукумати фарогир иҷро накарданд, онҳо дурӯғ мегӯянд”, – шарҳ додааст вазир.

РИА Новости бо истинод ба суханони сокини маҳаллӣ Муҷоҳид Андаробӣ  хабар медиҳад, ки миёни ҷангҷӯёни Толибон  ва нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар вулусволии Андароби вилояти Бағлон дар марзи Панҷшер задухӯрд ба амал омадааст, ки дар нитиҷаи он 11 толиб маҳв ва чанд нафари дигар  маҷрӯҳ шуданд. Ба гуфтаи ӯ, Толибон аз сӯи низомиён  ба камин афтоданд. Дар бораи талафот дар байни қувваҳои муқовимат чизе маълум нест.

Гурӯҳи тундрави Толибон қасд доранд аз барномаҳои донишгоҳҳо “фанҳои хилофи шариат” -ро хориҷ кунанд. Дар ин бора шабакаи телевизионии Tolo News хабар медиҳад. Толибон ҳанӯз мушаххас накардаанд, ки кадом фанҳо хориҷ карда мешаванд.

Тибқи иттилои шабакаи телевизионии Tolo News  афсарони полис, ки дар мақомоти пешини Афғонистон дар нерӯҳои амниятӣ кор мекарданд,  ба вазифаҳои худ бармегарданд ва бо Толибон дар таъмини тартибот дар Кобул кумак кунанд.

Намояндаи махсуси президенти Русия оид ба Афғонистон Замир Кобулов  ба хабаргузории РИА Новости гуфт, ки Русия ният дорад ба Афғонистон кӯмаки башардӯстона фиристад.

Сафири Русия дар Афғонистон Дмитрий Жирнов дар канали Соловёв дар YouTube гуфт, ки Русия дар тӯли чанд соли охир бо Толибон робита барқарор карда буд.

«Мо тайи 7-8 соли охир бо Толибон робита барқарор карда будем. Аз ин рӯ ҳоло мо ба марҳилаи нави муносибот бо Толибон ворид шудем”- гуфт Жирнов.

Сухангӯи Толибон  Муҳаммад Наим овозаҳо дар бораи захмӣ гардидан ё марги   Мулло Абдулғанӣ Бародарро рад кард. Наим дар Твиттер навиштааст: “Дар як қатор расонаҳо овозаҳо паҳн шуданд, ки бо Мулло Бародари гиромӣ ҳодисае рух додааст.  Ҳамаи ин ҳақиқат надорад ва таблиғи беасоси душманон аст”.

Бахтиёр Ҳакимов, фиристодаи махсуси Президенти Федератсиюни Русия дар умури СҲШ, сафири махсуси Вазорати корҳои хориҷӣ дар мусоҳиба бо ТАСС  гуфт, ки ҳайати Афғонистон дар нишасти солонаи Созмони Ҳамкории Шанхай, ки аз 16 то 17 сентябр дар Душанбе баргузор мешавад, ширкат намекунад.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *