ДидгоҳИлм ва маорифТоҷикистонҶомеа

ЧАРО МУАЛЛИМОН ТАРКИ МАКТАБ МЕКУНАНД? ( Вокуниш )

Аз тариқи Фейсбук хондам, ки дар минтақаи вилояти Хатлон дар давоми соли ҷорӣ 750 нафар муаллимон тарки касби муаллимӣ карда, ба муҷоҷирати меҳнатӣ рафтанд. Ин рақам дар як вилояте ки аҳолияш бештар аз як миллион нафар одамон мебошад, дар ҳақиқат боиси нигаронӣ аст. Хуш, чӣ сабабу омилҳое ҳастанд, ки муаллимон тарки ин касби пуршараф мекунанд?

Барои ба ин саволҳо ҷавоб додан бояд ба муаллимоне, ки тарки ин касб кардаанд, бо онҳо мубоҳиса анҷом додан лозим, ки чаро тарки касби омӯзгорӣ карданд?

Ба мо имконият даст дод, ки бо чанде аз омӯзгорони муҳоҷиршуда дар тамос шуда, аз онхо сабаби бас кардани кори муаллимиро бипурсем .Аксари ин омӯзгорон бар ин акида ҳастанд, ки шароити иқтисодии паст доранд ва бо шуғли муаллимӣ зиндагии хешро пеш бурда наметавонанд. Мо, мегӯянд онҳо, аз моҳи сентябр сар карда, то моҳи январ маоши пурра намегирем. Маоши моро бо ҳар сабабҳо аз таъмири мактаб сар карда, то обунаю духтургузарӣ ва ғайраю ҳоказо майда майда мегиранд!

Гурӯҳи дигар бар ин ақидаанд, ки солхои охир обрӯ ва нуфузи муаллим хеле паст шудааст. Аз сабабе, ки дар муассисаҳои таълимӣ хариду фурӯши ашёҳои таълимӣ сарборӣ ба муаллим бор карда шудааст, муаллимон дар назари падару модари шогирдонашон рӯз то рӯз мавриди сарзанишу бадгӯӣ қарор меёбанд. Имрӯз ҳама муаллимро на таълимдиҳанда, балки савдогар ном мебаранд.

Омили дигаре, ки ба обрӯи ин пешаи наҷиб халал ворид месозад, ин савод надоштани муаллимони ҷавоне ҳаст, ки ба ҳар роҳу восита хонда, соҳиби дипломи муаллимӣ шудаанд. Онҳо ҳатто саводи хаттӣ надоранд, ки дафтари синфиро бе хатогӣ пур кунанд. Аз чунин муаллимон куҷо мо насли ҳақиқии давру замонро тарбия карда ба камол мерасонем?

Ва дар ниҳоят, муаллимони аз кор рафта аз дахолати ташкилоту идораҳое шикоят мекунанд, ки онҳо ба соҳаи педагогӣ ҳеҷ алоқамандие надоранд. Имрӯз муаллимро аз милиса сар карда то корманди кшкп тафтиш мекунад. Агар дар даврони шӯрави мактабро фақат нозирони шуъбаи маориф месанҷиданд, ҳоло ин тавр нест. Ба дарси муаллим аз комиссариати харбӣ сар карда, то нозири молияву милитсияву ҷамоату дигару дигараш сар мехалонанду дафтари синфии муаллимро тафтиш карда, ӯро дар назди шогирдонаш сарзаниш мекунанд. Бо ин аҳволи тоқатфарсо мешавад кори маорифи халқро пеш бурд?

Президенти мамлакатамон, муҳтарам Ҷаноби Олӣ Эмомалии Рахмон соҳаи мактабу маорифро зинаи асосии рушд ва пешрафти давлатдорӣ меҳисобад. Зиёиён хазинаи тиллоии давлатанд!

Пас месазад мо ба кори муаллими халқ баҳои арзанда дода, ӯро аз ин вартаи ноумедӣ раҳо созем, то ки ин касби пурифтихорро тарк насозад!

Аз саҳифаи Раҷадалӣ Файзуллоев, “Маорифи Тоҷикистон”

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *