АмниятДидгоҳКишварҳои пасошӯравӣОсиёи МарказӣСиёсатТоҷикистонҲамкорӣҲуқуқи башарҶаҳон

Чаро раҳбарони Чин ва Русия дар иҷлоси Шонгҳой ширкат накарданд?

Исфандиёри Одина, рӯзноманигор

Худдории раҳбарони Чин ва Русия аз ширкат дар иҷлоси Гурӯҳи Шонгҳой дар Душанбе эҳтимолан фақат як далел дорад: Ин ки Тоҷикистон басароҳат аз Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ҳимоят мекунад ва дар баробари Толибон мавзеъ гирифтааст. Ин ду қудрати минтақаӣ собит карданд, ки паймоншикан ва хиёнаткор ҳастанд, зеро иртибот бо гурӯҳеро, ки худашон терурист эълом кардаанд, бар яке аз шуракои бисёр муҳимми худ тарҷеҳ додаанд!

Ин собит мекунад, ки на Гурӯҳи Шонгҳой як созмони мубтанӣ бар асли баробарӣ ва паймон ва таъаҳҳуд аст, на Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ. Чин ва Русия худро дар Гурӯҳи Шонгҳой хоҷаи дигарон эҳсос мекунанд ва ҳар гуҳе мехӯранд, фикр мекунанд, бояд дигар кишварҳои ъузви ин созмон бояд фақат ба ҳарфи инҳо лаббайк гӯянд! Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ҳам як дукони ҳаннотии Русия аст! Кремлин ба кишварҳои дигари ъузви ин паймон кӯчактарин эътиное надорад ва аз ин паймони дурӯғин сирфан барои пешбурди манофеъи худ суиистифода мекунад ва дар фурсати муносиб мумкин аст пой бар рӯи манофеъи шариконаш гузорад.

Тоҷикистон пас аз анҷоми ин иҷлос бояд биншинад ва муддате ба андеша фурӯ равад ва як истротежии дигар барои ояндаи амният ва равобити хориҷии худ бинвисад. Таърифҳо ва мафоҳими марбут ба амният ва равобити хориҷии худро бознигарӣ ва бознивисӣ кунад. Душманони худро беҳтар бишносад ва дӯстони содиқу вафодортареро дар ъарсаи ҷаҳон, ки хушбахтона фарох аст, пайдо кунад ва равобити дӯстонатареро бо ъақди паймонҳои қавитару мутмаинтар бо онҳо бештар густариш бидиҳад. Бавижа, равобити наздиктаре бо Иттиҳодияи Урупо ва Жопун барои Тоҷикистон дар дарозмуддат бисёр судманд аст.

Аз ин ду қудрати зургӯ ҳам албатта лозим нест баякбор фосила бигирад ва ё дур шавад, аммо воҷиб аст ФОСИЛААШРО нигоҳ дорад. Яъне беш аз ин наздик нашавад, то оташи хусумати онҳо рӯзе рӯзгоре доманашро нагирад, вале батадриҷ ҷойгузинҳое барои инҳо пайдо кунад ва дар фурсати муносиб дастҳои ин ду чаповулгарро аз нуфуз дар умури сиёсию низомӣ ва иқтисодаш ҳатталимкон кӯтоҳ кунад!

Масалан, вобастагии муҳоҷиратии худро аз Русия ба ҳадди ақал бирасонад ва муқаддамоти хурӯҷи нерӯҳои Русияро аз қаламраваш дар чанд соли оянда фароҳам созад. Қарзҳои Чинро батадриҷ бипардозад ва беш аз ин аз Чин дигар қарзу вом нагирад. Аз бидеҳиҳои миёншикани Чин чандон суде ба мо намерасад, ки ба худи он кишвари тавсеъаталаб мерасад.

Дар умури минтақа, Тоҷикистон бояд фаъолиятҳои бештаре дар миёни форсизабонон ва мардумоне, ки бо мардуми Тоҷикистон равобити торихии наздике доранд, анҷом бидиҳад ва аз нерӯҳое, ки мӯҷиби пирӯзии мо дар оянда хоҳанд шуд, дифоъ кунад ё заминаро барои шакл гирифтану падид омадани чунин нерӯҳое фароҳам созад. Тоҷикистон танҳо кишвари секулори эронӣ ва форсизабон аст ва бояд аз арзишҳои секулорисми эронӣ, танаввуъ ва таҳаммул, ки бар фарҳангу тамаддуни мо асос ёфта ва ҳамгом бо пешрафти андешаҳои башарӣ ва фанноварии ҷадид аст, ҳимоят кунад.

Масалан, бояд системи омӯзиши ъолиро беҳтар созад ва бурсияҳои таҳсилии фаровоне барои тоҷикону форсизабоон аз Афғонистон ва Эрон ва Узбакистону Туркманистон ва Покистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Курдистони Ъироқ ихтисос бидиҳад. Ба устодону рӯшанфикроне, ки аз ин кишварҳо фирор мекунанд, паноҳ бидиҳад ва аз нерӯи зеҳнии онҳо барои пешбурди ъилму фарҳанг ва рӯшангарӣ истифодаи беҳина кунад.

Дар баробари мактабҳо ва мадориси иртиҷоъӣ ва урдугоҳҳои тарбияти теруристиии бархе аз кишварҳои минтақа, Тоҷикистон ҳам набояд бекор бинишинад, балки бояд бо онҳо муқобала кунад ва дар баробари онҳо идеужулии секулорисм ва ренессонси эронии худро тарвиҷ кунад ва лашкаре аз навгароёну тозаталабон ва рӯшангарон ва хирадгароёнро дар баробари ин ҷамоъати иртиҷоъу торикӣ аз ҳоло омода созад.

Ин кор имконпазир аст ва мо зарфияти фарҳангии кофӣ барои он хоҳем дошт, албатта агар Тоҷикистон ба хатту забони порсӣ ва мероси фарҳангӣ ва тамаддуни эронии худаш чанг бизанад ва тарвиҷи онро ҷузви роҳбурди садсолаи ояндаи худ созад. Забону адаби форсӣ фақат мероси фарҳангӣ нест, балки силоҳ ва абзори бисёр муассире барои муқобала бо ифтротгароӣ аз ҳар навъаш (чи мазҳабӣ ва чи қавмию нажодӣ) аст.

Забони форсӣ торихан забони аҳли фазл маҳсуб мешуд, яъне ҳар касе, ки ин забонро балад буд ва дар шеъру адаби порсӣ дасти тавоное дошт, фозил ё аҳли фазл маҳсуб мешуд. Табиъист, ки забони аҳли фазл абзоре тавоно дар баробари ҷаҳл аст, чун фазл дақиқан мутазодди ҷаҳл аст.

Ва ҳарчи ба фазлу ҳикмати порсӣ даст ёбем, ҷаҳл аз мо гурезон хоҳад шуд. Фазлу адаби порсӣ доруи зидди ҷаҳл аст. Масалан, дар баробари афкори толибонӣ ва охундӣ бояд ҳикмати Бузургмеҳру Пури Сино, ашъори Рӯдакию Дақиқӣ, Шоҳномаи Фирдавсӣ, ғазалиёти Ҳофизу Саъдӣ, Маснавии Маънавии Маавлавӣ, насиҳатномаи Кайковусро тарвиҷ кард.

Esfandiar Adineh

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *