АмниятАхборИқтисодОсиёи МарказӣСиёсатҲуқуқи башарҶаҳон

Шӯрои Амнияти СММ масъалаи лағви таҳримҳо алайҳи Толибонро баррасӣ намекунад

Намояндаи доимии Русия дар Созмони Ҷаҳонӣ Василий Небензя дар мусоҳиба бо РИА Новости гуфт, ки масъалаи лағви ҳаракати дар Тоҷикистон мамнӯи Толибон  аз таҳримҳои Шӯрои Амнияти СММ ҳоло баррасӣ намешавад.

Ҳамин тавр, ӯ ба суоле посух дод, ки оё аъзои Шӯрои Амнияти СММ имкони таҳияи харитаи роҳро барои тадриҷан лағви таҳримҳои СММ аз Толибон баррасӣ мекунанд, ё на.

Ба гуфтаи ӯ, “мавзӯи лағви таҳримҳои зидди Толибон тавассути Шӯрои Амният дар ҳоли ҳозир дар рӯзнома нест, вале дер ё зуд ин масъала  бояд ҳал шавад”.

Намояндаи доимии Русия гуфт: “Аммо ин набояд якбора анҷом дода шавад. Ин кор аз зарурати бодиққат назорат кардани рушди вазъ вобаста аст”.

Вай таъкид кард, ки амалан ҳамаи аъзои Шӯрои Амният ва на танҳо “панҷгона” -и аъзои доимии он, борҳо ҳангоми суханронӣ дар мавзӯи Афғонистон дар бораи мувофиқ будани муносибати эҳтиёткорона ба мақомоти нави ин кишвар сухан гуфтанд.

“Муҳокима дар Кумитаи таҳримҳои Шӯрои Амният оид ба ин масъала ҳанӯз гузаронида нашудааст”, -илова намуд намояндаи доимӣ.

Ба гуфтаи Небензя, кумакҳои башардӯстона ба Афғонистон ҳоло як мушкили мубрамтар боқӣ мемонад.

“Ман гуфта метавонам, ки агар мо таҳримҳоро баррасӣ кунем, пас мо бояд аз оқибатҳои манфии онҳо барои кумаки муассири башардӯстона ва барқарорсозии иҷтимоиву иқтисодии кишвар оғоз кунем. Пеш аз ҳама, ин ба мунҷамидсозии дороиҳои Афғонистон аз ҷониби давлатҳои алоҳида марбут аст. Охир, чунин чораҳои сахти имрӯза метавонанд боиси суқути иқтисодӣ дар кишвар шаванд “- афзӯд ӯ.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *