Ахбор

Эъломияи Давлати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон

Ҳамватанони гиромӣ, кишварҳои дӯст ва ҳама озодихоҳони ҷаҳон!

Давлати Ҷумҳурии исломии Афғонистон (ҶИА) пас аз ишғоли кишвар тавассути уммоли бегона, бо дарки масъулияти таърихӣ баъд аз машвара ва ройзанӣ бо бузургон, сиёсиюн ва қишрҳои мухталифи ҷомеа аъам аз занону мардон ба тасмимҳои зайл даст ёфтааст:

  1. Давлати ҶИА ягона марҷаъи машруъи низоми сиёсии Афғонистон буда, ки мубтанӣ бар интихобот ва раъйҳои мардум ташкил гардидааст. Ҳеҷ низом ва ҳокимияти дигаре наметавонад бар хилофи моддаҳои Қонуни Асосӣ ҷойгузини низоми мавҷуда гардад.
  2. Бо берун шудани раисҷумҳур аз кишвар ва дурӣ гузидан аз сиёсату идораи кишвар, мутобиқ ба сароҳати Қонуни Асосӣ то баргузории интихобот муовини аввали раёсатиҷумҳурӣ ба ҳайси сарпарасти давлат ифои вазифа намуда, умури марбутро ба пеш хоҳанд бурд.
  3. Дар сурате, ки муовини аввал омодаи пешбурд умур набошад, ба тартиб муовини дувум, раиси Маҷлиси намояндагон ва вазири хориҷа ба ҳайси сарпараст муаррифӣ хоҳанд шуд.
  4. Аркони сегонаи давлат дубора инсиҷом ёфта, ҷаласоти марбутро доир намуда, тасмимҳои лозимро иттихоз менамояд ва омодагии баргашт ба кишварро хоҳанд гирифт.
  5. Шурои олии давлат дар зудтарин фурсат бо ширкати бузургону сиёсиюни кишвар ташкил мегардад то умури мамлакатро дар ҳамоҳангӣ бо аъзои ҳукумат ва парлумон истиқомат диҳад.
  6. Давлати ҶИА ва Шурои олии давлат ба риояти Қонуни Асосӣ, муоҳидот, мисоқҳо ва тамоми конвенсиюнҳои байнулмилалӣ, ки Афғонистон ба он мулҳақ гардида, побанд буда, таҳти парчами серанги кишвар аз тамомияти арзӣ, ваҳдати миллӣ ва якпорчагии Афғонистон зери чатри ҶИА дифоъ менамояд.
  7. Давлати ҶИА аз тамоми кишварҳои дӯст тақозо менамояд, то муровидоти худро чун пештар бо ҶИА ҳифз намуда ва аз ҳар гуна машруъият бахшидан ба гурӯҳи “Толибон” худдорӣ кунанд, ки ба гунаи ниёбатӣ, хушунатбор, золимона ва ғайримашруъ сарзамини Афғонистонро ишғол кардааст.
  8. Аз Созмони милали муттаҳид ва Шурои амнияти он созмон, кишварҳои минтақа ва ҷаҳон тақозо дорем то бар ҳомиёни гурӯҳи “Толибон” барои поёни ишғоли ғайриқонунии ин гурӯҳ фишор оваранд то аз тариқи гуфтугӯҳои созанда ва содиқона бо ҷониби ҶИА заминаи сулҳу суботи доимӣ дар кишвар фароҳам гардад.
  9. Давлати ҶИА ба талошҳои худ барои дастёбӣ ба як роҳҳалли сиёсии ҷомеъ, ки мунҷар ба поёни чанд даҳаи ҷанг ва таъмини сулҳи пойдор, одилона ва иззатманд шавад, ба унвони як авлавияти фаврии миллӣ идома хоҳад дод. Раванди сулҳ, ки аз сӯи Толибон нотамом гузошта шуда, бояд аз сар гирифта шавад, то ба як сулҳи доимӣ, ки бар мабнои он низоми мунтахаби мабнӣ бар иродаи миллат, ҳуқуқи башар, ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва мушорикати миллӣ шакл гирад, даст ёбем. Дар сурате, ки “Толибон” ҳозир ба раванди сулҳ набошанд, ҷомеъаи байнулмилалӣ фишори лозимро бар “Толибон” ворид намоянд ва Ҷумҳурии исломии Афғонистон аз он ҳимоят мекунад.
  10. ҶИА аз муқовимати миллӣ ва барҳаққи мардуми Афғонистон аланан ҳимоят менамояд. Дар сурати бунбасти музокироти сулҳ аз тамоми мардуми Афғонистон тақозо дорем то бо Ҷабҳаи муқовимат пайваста ва алайҳи ишғол то озодии комили кишвар аз дасти уммоли бегона ба муборизоти худ идома диҳанд.

Агар “Толибон” ба хости мардуми Афғонистон ва ҷомеъаи байнулмилалӣ барои сулҳи пойдор, риояти ҳуқуқи башар, таъмини ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва мубориза бо терроризм посухи мусбат надиҳанд, давлати ҶИА бо иродаи комил ва ваҳдати миллӣ ба ҳимояти худ аз муқовимати миллии мардуми Афғонистон идома хоҳад дод.

  1. ҶИА аз тамоми аъзои аршади ҳукумат ва Шурои миллӣ тақозо дорад то даври ҳам ҷамъ шуда, фаъолиятҳои идорӣ ва сиёсии худро аз сар гиранд. Макон ва маҳалли фаъолияти ҳукумат ва Шурои миллӣ ба зудӣ аз тариқи Шурои олии давлат ва меҳвари муқовимат эълом мегардад.
  2. Неруҳои амниятӣ ва дифоъии кишвар, ки умдатан дар ҳоли бесарнавиштӣ ба сар мебаранд, ба зудӣ фаро хонда мешаванд ва ба тамоми мушколоташон расидагии лозим сурат хоҳад гирифт.
  3. Сармояҳои миллӣ ва шахсии мардум, ки ба яғмо рафтааст, мавриди арзёбӣ қарор гирифта ва ба ҳамкории ҷомеъаи байнулмилалӣ ба иъода ва баргардонидани онҳо иқдомоти лозим сурат хоҳад гирифт.
  4. Ҳама намояндагиҳои сиёсӣ ва сарконсулгариҳои ҶИА умуроти кории хешро ҷиҳати пешбурди манофеъи миллии кишвар ва истеҳкоми ҳарчӣ бештари равобити кишвар бо ҷомеъаи байнулмилалӣ чун пештара ба пеш мебаранд.
  5. ҶИА бо ташкил ва ҳифзи иҷмоъи минтақаӣ ва ҷаҳонӣ Афғонистонро ба конуни ҳамкориҳои минтақаӣ ва байнулмилалӣ бар асоси манофеъи муштарак ва чандҷониба мубаддал сохта ва намегузорад кишвар як бори дигар ба майдони рақобатҳо ва ҷангҳои ниёбатӣ мубаддал гардад.
  6. ҶИА зимни сипосгузорӣ аз мавзеъгирии воҳиди аъзои доимии Шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳодияи Аврупо ва кишварҳои минтақа алайҳи ишғоли гурӯҳи ниёбатӣ, муҷаддадан хоҳони фишори бештар бар “Толибон” ва ҳомиёни минтақаии ин гурӯҳ мебошад то заминаи сулҳу суботи доимӣ дар кишвар мусоид гардад.
  7. ҶИА як бори дигар аз тамомии кишварҳое, ки дар берун сохтани афрод ва хонаводаҳои осебпазир кӯмак карданд, изҳори сипосу қадрдонӣ менамояд.
  8. ҶИА барои ҳимоят аз оворагони дохилӣ ва хориҷӣ, ки бар асари ишғоли “Толибон” бесарпаноҳ шудаанд, таъкид намуда, аз тамоми кишварҳои ҷаҳон тақозои кумак ва ҳамкорӣ дорад.

Аз тарафи раҳбарии давлат, раҳбарони ва шахсиятҳои сиёсии Ҷумҳурии исломии Афғонистон.

 

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *