ВарзишДидгоҳОсиёи МарказӣТоҷикистон

Як пешниҳоди Исфандиёри Одина ба шабакаи телевизиюнии “Варзиш”

Исфандиёри Одина, рӯзноманигор

Бисёре аз ҳамзабонон дар Эрон мегӯянд, ки ин шабака дар он кишвар бисёр пуртарафдор аст ва дар саросари Эрон мардум тамошо мекунанд. Вале шикваи ҳамзабонон ин аст, ки ҳамаи нивиштаҳо (масалан ъунвонҳову сутитрҳо) дар ин шабака ба хатти пириллик аст ва онҳо наметавонанд бихонанд.

Бо таваҷҷуҳ ба ин ки шумори мухотабони ин шабака дар Эрону Афғонистон ва дар саросари ҷаҳон баматротиб бештар аз Тоҷикистон аст, боистӣ ба мухотабони худ арҷ гузоред ва нивиштаҳоятонро ба хатти порсӣ дар ихтиёри ҳамзабонон қарор дода шавад. Ё лоақал ба ду хат бинвисед, ки ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар кишварҳои дигари форсизабон барои мардум қобили хондан бошад. Лутфан, торнамо ё сойти ин шабакаро ҳам ба ду хат дар ихтиёри мухотабон қарор бидиҳед.

Аз сӯи дигар, саъй кунед аз корбурди алимоту ъибороти сирфан маҳаллӣ ё бегона (туркию русӣ) бипарҳезед ва забони фохир ва саҳеҳтари форсиро ба кор баред, то барои ҳамаи ҳамзабонон дар саросари ҷаҳон мафҳумтар бошад. Чун дар бозори расонаии ҳамзабонон ҷои по пайдо кардаед, пас ин фурсатро аз даст надиҳед ва ба масолеҳ ва манофеъи мухотабонатон бияндешед. Ин аз қавоъиди муҳимми иқтисоди бозорӣ аст.

Вақте ин масоилро дар назар бигиред, доманаи пахши таблиғоти бозаргонӣ дар ин шабака васеътар хоҳад шуд ва ҳазорон тоҷиру сармоядор барои таблиғоти бозаргонии колоҳо, тавлидот ва хадамоташон ба забони форсӣ дар ин шабака ба шумо рӯй хоҳанд овард.

Хуб, бибинед,чигуна хат ва забони шумо метавонад барои шумо сарват ва дороӣ ба армуғон оварад! Пас ба хатту забони худ арҷ гузоред ва ин неъматро муқаддас доред ва дар тарвиҷи он як заррра ҳам дареғ накунед! Поянда бод порсӣ!

https://varzishtv.tj/tj/

 

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *