АхборОсиёи МарказӣҲуқуқи башарҶаҳон

Ҳамоиши эътирозӣ дар Варшава дар робита бо рӯйдодҳои ахири Афғонистон

Имрӯз дар пойтахти Лаҳистон шаҳри Варшава дар робита бо вазъият пас аз ба сари қудрат омадани ҳаракати террористии дар Тоҷикистон мамнӯи  Толибон дар Афғонистон аз ҷониби афғонистониҳои муқими ин кишвар ҳамоиши эътирозӣ доир гардид.

Дар ин бора сомонаи иттилоотии Равзан  хабар медиҳад.

Ширкаткунандагони ин ҳамоиш аъмоли низомиёни гурӯҳи террористии Толибонро, ки пас аз ба қудрат расидан ба қатлу куштори мардуми бегуноҳ, саркӯб намудани ҳамоишҳои осоишта, хушунат нисбат ба занон, поймол намудани озодизои шаҳрвандон даст мезананд, маҳкум намуда, пуштибонии худро аз ҷабҳаи муқовимати Панҷшер ва тамоми мардуми озодихоҳи Афғонистон баён намуданд. Онҳо ҳамлаи артиши Покистон ба вилояти Панҷшерро ҷиноёти ҷангӣ ва мудохила ба умури дохилии Афғонистон дониста, онро қотеона  маҳкум намуданд.

Иштирокчиёни ин гирдиҳамоӣ аз ҷомеаи башарӣ даъват намуданд, ки дар робита бо рӯйдодҳои ахири Афғонистон бетараф набошанд ва Ҳукумати қавмии  Толибонро ба расмият нашносанд. Ҳамчунин аз созмонҳои ҳуқуқи башар даъват шуд, ки ба мардуми кишвар, хусусан мардумони Панҷшер, ки дар муҳосира қарор доранд ва ба маводи ғизо, либос ва доруворӣ ниёз доранд, кӯмак кунанд.

Ёдовар мешавем, ки қаблан чунин ҳамоишҳои эътирозӣ дар Амрико, Бритониё, Эрон ва дигар кишварҳо доир гардиданд.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *