АмниятОсиёи МарказӣСиёсатТоҷикистон

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи – 24” ҳамлаи Толибон ба Панҷшерро маҳкум кард

Ҳаракати сиёсии дар Тоҷикистон мамнӯи “Гурӯҳи-24” ҳамлаи гурӯҳи дар Тоҷикистон мамнӯи Толибон бо дастгирии  артиши Покистон ба вилояти Панҷшери Афғонистонро мудохила ба умури дохилии ин кишвар арзёбӣ намуда, онро қотеона мақкум намуд.

Дар ин бора дар изҳороте, ки дар сомонаи ин ҳаракати сиёсӣ нашр шудааст, гуфта шудааст.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” бар он назар аст, ки “буҳрони сиёсӣ дар Афғонистон бояд аз тариқи гуфтугӯ миёни худи ақвому аҳзоби сиёсӣ ва аққалиятҳои динии  кишвар ҳаллу фасл гардад ва набояд кишваре ба он мудохила намояд.  Вале пас аз бо дасти бегонагон  ташкил гардидани як ҳукумати сирф толибонӣ,  бо кӯмаки артиши Покистон ҳамла ба вилояти Панҷшер, шиканҷаи рӯзноманигорон, саркӯб шудани  эътирозҳои мардум, махсусан занон, интиқоли мардумони тоҷиктабор ва форсизабон аз маконҳои доимии зисташон боиси  нигаронист”.

Биноан,  Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи –  24”  кӯмаки низомии Покистон ба Толибон дар ҳамла ба вилояти Панҷшерро ҳамчун дахолат ба умури дохилии Афғонистон арзёбӣ намуда,  қатлу куштори аҳолии осоишта аз ҷониби Толибонро дар ин вилоят ба сифати ҷиноёти ҷангӣ  қотеона маҳкум намуда, ҷомеаи ҷаҳонӣ, созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар, ҷомеаи маданӣ, рӯзноманигорон, равшанфикрон ва аҳли фарҳанг  тақозо намудааст, ки садои худро дар баробари ин ҷиноят баланд кунанд ва  ба он баҳои арзанда диҳанд.

Дар баробари ин,  аз рӯзноманигорон ва Васоити ахбори омма даъват шудааст, ки дар бозтоб намудани рӯйдодҳои Афғонистон танҳо ба санаду далелҳои муътамад такя намуда,  воқеиятро инъикос намоянд.

Ҳаракати сиёсӣ аз  ҷомеаи ҷаҳонӣ хостааст, ки ба таври оҷил  ба мардуми Афғонистон, хусусан вилояти Панҷшер, ки ба маводи ғизоӣ, либос ва доруворӣ ниёз доранд, кӯмаки фаврии башардӯстона расонида шавад. Ҳамчунин  аз Ҳукумати Тоҷикистон тақозо шудааст, ки марзро ба рӯи паноҳандаҳо боз намуда, дар ҳамоҳангӣ бо созмонҳои байналмилалии  ҳуқуқи башар паноҳандаҳо  кӯмак намояд.

Ёдовар мешавем, ки Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” соли 2012 дар Маскав аз ҷониби соҳибкор ва мухолифи Ҳукумати Тоҷикистон  Умаралӣ Кувватов таъсис дода шуд. Моҳи марти соли 2015 Умаралӣ Қувватов дар Истамбул кушта шуд. Ҳоло раҳбарии онро Суҳроб Зафар бар ӯҳда дорад.

Ҳаракати сиёсии  “Гурӯҳи 24”  аз ҷониби Додгоҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созмони ифротӣ дониста шуда, фаъъолияташ  аз моҳи октябри соли 2014 дар Тоҷикистон  манъ карда шудааст.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *