АмниятАхборОсиёи МарказӣСиёсат

Ҷабҳаи муқовимат хабар дод, ки Аҳмад Масъуд ба зудӣ паём хоҳад расонд

Намояндаи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон Алӣ Назарӣ дар  Twitter  хабар дод, ки раҳбари муқовимат дар Панҷшер Аҳмад Масъуд дар макони амн аст ва ба зудӣ паём хоҳад дод.

“Раҳбар ва бародари ман Аҳмад Масъуд дар амон аст ва ба зудӣ ба мардуми мо паём хоҳад фиристод”, – навиштааст Назарӣ.

Қаблан рӯзи душанбе сухангӯи Толибон Забеҳуллоҳ Муҷоҳид гуфта буд, ки Панҷшер, охирин ва 34- мин вилояти Афғонистон, комилан таҳти назорати онҳо қарор гирифтааст. Нерӯҳои муқовимат бо раҳбарии писари  Аҳмадшоҳи Масъуд, раҳбари Эътилофи шимолии зидди Толибон ин хабарро рад карданд.

Қаблан як манбаъ дар Кобул ба РИА Новости гуфт, ки собиқ ноиби президенти Афғонистон Амруллоҳ Солеҳ бо як сафари кӯтоҳмуддат вориди Душанбе шудааст ва ба зӯдӣ бармегардад.

“Солеҳ бо як сафари кӯтоҳмуддат барои гуфтушунид дар Тоҷикистон қарор дорад, то замина барои музокироти эҳтимолӣ бо Толибон фароҳам шавад”,-гуфт манбаъ.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *