Ахбор

Гирдиҳамоии аъзои “Гурӯҳи-24” дар Олмон дар ҳимоят аз паноҳҷӯёни сиёсӣ

7 октябри соли 2021 ҳудуди 30 нафар аз аъзои Ҳаракати сиёсии дар Тоҷикистон мамнӯи “Гурӯҳи-24”  дар рӯ ба рӯи Хадамоти муҳоҷирати назди Вазорати корҳои дохилии Олмон воқеъ дар шаҳри Кёлн дар ҳимоят ва пуштибонӣ аз баррасии одилонаи қазияҳои паноҳҷӯёни сиёсии тоҷикистонӣ  баргузор гардид.

Дар ин бора дар сомонаи расмии ин ҳаракат хабар дода мешавад.

Омадааст, ки дар ҳоли ҳозир дар кишварҳои Аврупо дар баробари он, ки теъдоди зиёди паноҳандагони тоҷикистонӣ кору зиндагӣ мекунанд, ҳамзамон бархе аз паноҳҷӯён ба дархостҳояшон барои дарёфти паноҳандагӣ посухи манфӣ мегиранд.

“Чанде қабл мақомоти кишвари Олмон ва бархе аз кишварҳои Аврупо ба дархости як теъдод аз паноҳҷӯёни сиёсии тоҷикистонӣ дар бораи додани паноҳандагӣ ҷавоби рад доданд. Ин рӯйдод, ки метавонад ба истирдоди ин муборизин ва мухолифин ба Тоҷикистон сабаб гардад, дар баъзе аз маворид аз ноодилона баррасӣ гардидани қазияҳо гувоҳӣ медиҳад”- омадааст дар баёния.

Гуфта мешавад, ки ширкаткунандагони ин ҳамоиш бо дар даст доштани овезаву шиорҳо “аз Ҳукумати Олмон ва дигар кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо талаб намуданд, ки дар таҳқиқ ва аз нав баррасӣ намудани  қазияҳои мухолифин ва паноҳҷӯёни сиёсӣ ба адолат ва қонунҳои байналмилалӣ  такя намоянд ва аз истирдоди ғайриқонунии онҳо ба Тоҷикистон, ки метавонад фишору шиканҷа ва зиндон дар пай дошта бошад, пешгирӣ намоянд”.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” соли 2012 аз ҷониби тоҷири норозӣ Умаралӣ Қувватов бунёд ёфтааст. Худи Умаралӣ Қувватов соли 2015 дар шаҳри Истанбул кушта шуд.

“Гурӯҳи-24” соли 2014 бо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон як созмони экстремистӣ ва мамнӯъ эълон шуд. Дар пайи он даҳҳо нафар дар Тоҷикистону Русия ва кишварҳои дигари пасошӯравӣ бо иттиҳоми тарафдорӣ аз “Гурӯҳи 24” боздошту зиндонӣ шуданд.

Ҳоло ин ҳаракат аз ҷониби Суҳроб Зафар раҳбарӣ мешавад.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *