АхборКишварҳои пасошӯравӣСиёсатФарҳанг

Духтари калонии раҳбари Чеченистон Айшат Қодирова Вазири фарҳанги ҷумҳурӣ шуд

Духтари калонии раҳбари Чеченистон Рамзан Қодиров- Айшати 22-сола минбаъд  Вазорати фарҳанги ҷумҳуриро раҳбарӣ мекунад.

Дар ин бора раиси Порлумони ҷумҳурӣ Муҳаммад Довудов дар саҳифаи расмияш дар   Instagram  хабар дод.

“Айшат Рамзановна роҳбари боистеъдод, эҷодкор, ташкилотчии меҳнатдӯст ва олиҷаноб аст”, – навишт Довудов ва изҳори боварӣ кард, ки Қодирова дар вазифаи вазирӣ ба натиҷаҳои боз ҳам назаррас ноил мегардад ва бо муваффақият аз ӯҳдаи вазифаҳои гузошташуда мебарояд.

Довудов ҳамчунин хотиррасон кард, ки духтаре, ки қаблан муовини аввали Вазири фарҳанги Чеченистон буд, аллакай дар рушди ҷумҳурӣ  – алалхусус китобхонаҳо, хонаҳои фарҳанг ва театрҳо саҳми бузург гузоштааст.

Айшат Қодирова соли 1998 дар деҳаи Сенторойи ноҳияи Курчалоеви Ҷумҳурии Чеченистон ба дунё омада, Донишгоҳи давлатии Чеченистонро хатм кардааст. Номбурда соли 2016 директори хонаи мӯдҳои Фирдавс ва моҳи сентябри соли гузашта муовини аввали Вазири фарҳанги ҷумҳурӣ таъйин гардид.

Бояд гуфт, ки Қодиров пайвандони худро борҳо ба вазифаҳои раҳбарии минтақа таъин кардааст. 3 август амакбачаи ӯ Турпалалӣ Иброҳимов Вазири варзиш ва сиёсати ҷавонони ҷумҳурӣ шуд ва дар ин мақом ҷияни раҳбари Чеченистон Ҳамзат Қодирови 24-соларо иваз кард.

Дар моҳи март, Хасмуҳаммад Қодиров яке аз пайвандони Қодиров ва собиқ раҳбари маъмурияти  Ҳукумати ҷумҳурӣ, шаҳрдори муваққатии Грозний таъин шуд.

Моҳи декабри соли 2020 духтари Қодиров Ҳадиҷат мудири Шуъбаи тарбияи томактабии шаҳри Грозний таъин гардид.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *