АмниятАхборКишварҳои пасошӯравӣОсиёи МарказӣСиёсатТоҷикистонҲамкорӣҶаҳон

Лавров аз ҳамсоякишварҳои Афғонистон хост, ки аз вуруди НАТО ба қаламравашон ҷилавгирӣ кунанд

Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров гуфт, Русия аз ҳамсоякишварҳои Афғонистон даъват мекунад, ки аз ҳузури низомии нирӯҳои Амрико ва НАТО дар қаламрави худ ҷилавгирӣ кунанд.

“Мо аз кишварҳои ҳамсояи Афғонистон даъват мекунем, ки ба ҳузури низомии нерӯҳои Амрико ва НАТО, ки қасд доранд пас аз хуруҷ аз хоки Афғонистон ба ин кишварҳо ворид шаванд, дар қаламрави худ иҷоза надиҳанд”, – гуфт вазир зимни суханронӣ дар нишасти ҳамсоякишварҳои Афғонистон (Русия, Чин, Эрон, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбакистон), рӯзи 27 октябр дар Теҳрон баргузор гардид.

Иштирокчиёни ҷаласаи вазирони ҳамсоякишварҳои Афғонистон аз кишварҳои масъули вазъ дар қаламрави ин кишвар даъват карданд, ки ба Кобул дар бахшҳои иқтисодӣ ва гуманитарӣ кумак кунанд.

Ёдовар мешавем, ки қаблан расонаҳо навиштанд, Амрико пас аз хуруҷи нруҳояш аз қаламрави Афғонистон қасд дорад нируҳояшро дар яке аз ҳамсоякишварҳои Афғонистон мустақар кунад.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *