АхборКишварҳои пасошӯравӣСиёсат

Саакашвили ҷонибдоронашро дар Тифлис ба гирдиҳамоӣ даъват мекунад

Президенти пешини Гурҷистон Михаил Саакашвили аз Батуми эълон кард, ки рӯзҳои 2 ва 3 октябр дар Тифлис хоҳад буд ва мардумро даъват кард, ки дар майдони Озодии маркази шаҳр ҷамъ шаванд.

Қаблан Саакашвилӣ паёми видеоӣ паҳн карда буд, ки дар он мегӯяд, ки ӯ дар шаҳри Батумии Гурҷистон қарор дорад.

“Ман аз шумо як чизро мехоҳам, рӯзи 2-юм, мо ҳама ба интихобот меравем ва ба Ҳаракати Миллӣ (ҳизби Саакашвили” Ҳаракати ягонаи миллӣ “, ки мухолифи Ҳукумати имрӯзии Гурҷистон аст), овоз медиҳем … Ин барои Гурҷистон  интихоботи ҳалкунанда хоҳад буд. Рӯзи 2 –юми октябр овозҳоро якҷоя ҳисоб мекунем ва 3 октябр дар хиёбони  Руставели, дар майдони Озодӣ вомехӯрем ва ҳангоме, ки 100 ҳазор нафар мешавем, ҳеҷ кас наметавонад моро мағлуб кунад. Албатта  ман ҳам дар рӯзҳои 2-юм  ва 3-юм дар Тифлис хоҳам буд. Ман аз шумо умедворам, ки лутфан фаъъол бошед “, – гуфт Саакашвилӣ дар паёми видеоӣ.

Дар видео дида мешавад, ки Саакашвилӣ шабона дар хиёбони Батуми қадам мезанад. Вай таъкид мекунад,ки ҳама чизи наве, ки дар Батуми сохта шудааст, лоиҳаи ӯст.

“Ман ин хиёбон ва ин ҳама зебогиро на барои сайёҳони рус, эрониён ва туркҳо, балки барои шумо, барои муваффақияти шумо сохтаам ва намехоҳам, ки дигарон ба он соҳиб шаванд”,- мегӯяд ӯ.

“Субҳи 3 октябр мо бояд аз тамоми гӯшаву канори Гурҷистон барои дифоъ аз натиҷаҳои интихобот ба Тифлис равем, ман ба яке аз ин сафҳо ҳамроҳ мешавам. Аз ин рӯ, ман хоҳиш мекунам, ки сафҳои сершумор ва тавоно созед, то онҳо маро боздошта натавонанд. Агар ҳукумати ғасбкор тавонист маро барвақттар дастгир кунад, ин бояд қудрати шуморо боз ҳам тақвият бахшад. Дар ҳар сурат, ман ақибнишинӣ намекунам ва умедворам, ки шумо низ ақабнишинӣ  нахоҳед кард “, – навиштааст Саакашвилӣ дар саҳифаи худ дар Фейсбук.

Саакашвилӣ қаблан аз нияти бозгашт ба ватанаш то интихоботи моҳи октябр ба мақомоти худидоракунии маҳаллӣ хабар дода буд. Вай дар Гурҷистон ба рӯйхати афроди таҳти пайгарди дохилӣ қарор дорад ва нисбати ӯ   чанд парвандаи ҷиноӣ таҳқиқ мешавад. Намояндагони мақомоти Гурҷистон борҳо изҳор доштаанд, ки баробари убур аз марз ӯро боздошт хоҳанд кард.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *