Ахбор

Саидюнуси Истаравшанӣ: “Чаро мухолифи Раҳмонем”?

Дар ин асно, ки Эмомалӣ Раҳмон дар Урупо дар як сафар ба сар мебарад, яке (ки зоҳиран аз муридони ӯст) барои банда ин суолро матраҳ кард, ки чаро мо бо ӯ мухолифем?

Посухам ба ин азизамон он аст, ки:

Мо бо шахси Эмомалӣ Раҳмон коре надорем, мо бо сиёсатҳои вай мухолифем.

Бинобар ин, агар Раҳмон даст аз ситам бар шаҳрвандон бардорад, зиндониёни сиёсиро, ки бе ҷиҳат зиндониашон кардааст озод созад, бигузорад то Қонуни Асосӣ тағйир ёбад, интихобот шаффоф ва озод ва бо назорати мустақими аҳзоби сиёсӣ баргузор гарданд, ҳукумат даст ба даст шавад ва Раҳмон даст аз хонаводагӣ кардани он ва низ ғорати амволи кишвар бардорад, озодии фаъолият барои аҳзобу гурӯҳҳо ва ҷунбишҳои сиёсӣ бидиҳад ва ғайра… дар ин сурат, мо коре бо вай надорем.

Вагарна, мо бо сиёсатҳои ғалати ӯ, ки кишварро ба табоҳ оварда мухолифат хоҳем намуд ва то пирӯзии комил бо вай мубориза ва саранҷом ӯро аз арши қудрат пойин хоҳем овард. Ва ҳеч кас – на шарқ ва на ғарб – қодир бар мутаваққиф кардани мо аз идомаи фаъолиятҳоямон нахоҳад буд.

Саидюнуси  Истаравшанӣ, фаъъоли сиёсӣ

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *