АхборДидгоҳИқтисодКишварҳои пасошӯравӣОсиёи МарказӣСиёсатТоҷикистон

ХИЁНАТ ё кӣ барқи моро ба Қирғизистон мефурӯшад?

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, рӯзноманигор

Дар ҳоле, ки мақомоти давлатии Қирғизистон то ба ҳол, ба ҳар роҳу васила барои фишороварӣ ва танг кардани мавоқеи шаҳрвандони Тоҷикистон иқдомҳо карда истодааст, ин хабар далолат аз он мекунад, ки касе дар “Барқи тоҷик” ва ё Ҳукумати Тоҷикистон ба манофеи миллии Тоҷикистон хиёнат карда истодааст!!!

Ин чи шармандагист? Вақте қргз роҳҳоро мебандад, фурудгоҳҳои ҳавоияшро барои шаҳрвандони Тоҷикистон мебандад, мусофиронро дар нуқтаҳои гумрукӣ азият дода, мезананд, пулашонро кашида мегиранд, фураҳои ба Тоҷикистон бор мебурдаро гӯё дружиначиёни мардумиашон муҳосира, боздошт ва “рекит” мекунанд, кадом як бадбахте аз “Барқи тоҷик” ба мақомоти қрғз худаш занг зада, барқи барои қрғз камчиншударо ҳамту, гӯё моли падараш бошад, беномӯсона мерасонад?!!!

Ҳой хоин!!! Ту як бор ба худат нагуфтӣ, ки ҳамон маводи сухти газу бензини барои тоҷикон хеле заруриро, ки аз қргзистон меовардед, қариб 6 моҳ шуд дигар қрғз аз ҳудудаш бароварданӣ намемонад, тоҷикистониён намурданд, бо машаққат ҳам бошад, рӯзашонро бурда истодаанд, пас чаро мо дар ҳоле, ки метавонем қрғзро барои он ҳама ҷабри кардааш дар вақти бебарқ монданаш ҷазо диҳем, бояд барқамонро ҳамту, худамон, хушомадона бароварда диҳем?!!!

Ҳой хоин!!! Худат фаҳм, ки ин замон ба номи ту чи ҳақорате аз дилам гузашт…

Қрғз барои ноором ва муташанниҷ кардани вазъ дар Тоҷикистон, кишвари моро блокада кардаасту кадом хоини миллати тоҷик боз бо инҳо додугирифт дорад????

Кани мардум, ҳамин хоинро пайдо кунед, ки ӯ худаш кист????

Наход ҳукуматдорони мо ин қадар беномӯс шуда бошанд, ки чанд рӯз пеш ду тоҷикро дар қргзистон ба ҳабси якумра ва чанд тоҷики дигарро бо иттиҳомоти сохтаю бофта, барои чандин сол дар қргзистон равонаи зиндон карданду ҳукуматдорони мо худашон ба қрғз занг зада, барои бо комфорт зиндагӣ кардани қрғз барқи худро пешниҳод кунад – а????

Хоин ёфта ва муҷозот карда шавад!!!

Мурдани ҳаминхел мардуми беномӯс беҳтар аст!!!

Бад мегӯем чаро тоҷики мо дар қишварҳои ҳамсоя инқадар беқадр аст, мана сабаби ин ҳама беқадриҳои тоҷик, ана ҳаминхел мардуми хиёнаткоранд!!!

https://www.asiaplustj.info/ru/news/centralasia/20211002/kirgizstan-nachal-importirovat-elektrichestvo-iz-tadzhikistana

 

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *