АхборДидгоҳИлм ва маорифСиёсатТоҷикистонҲуқуқи башар

АБДУҚОДИРИ РУСТАМ: БОЗ ҲАМ СУХАН АЗ ХОНАИ АЙНӢ

Абдуқодири Рустам, нависанда ва пажӯҳишгари тоҷик

Ин андеша,  ки метавон хонаи Айниро тахриб кард ва ба ҷойи дигар кӯчонид, ин андешае, ки ба сари  шаҳрдорони Душанбе омада, сарфи назар, аз он ки таҳаққуқ мепазирад ё на, даҳшатовар аст ва харобиовар.

Чанд  рӯзе  пеш 30-юмин соли истиқлоли Тоҷикистонро бо ҳамҳамаю дамдама таҷлил кардем ва дақиқан ҳамон рӯзҳо дар шаҳрдорӣ номае эҷод шуд унвонии Окодемии улум (молики осорхонаи Айнӣ), ки иҷоза бидиҳед, ашёи ин осорхонаро ба макони дигар интиқол бидиҳем……  Ва Окодемии улум  бо имзои раиси он академик Фарҳод Раҳимӣ посух навишт: агар осорхонаи хуб бисозед, марҳамат бикӯчонед.  Низом Қосим, раиси Иттифоқи нависандагон ва Шоири халқии Тоҷикистон низ  аз шаҳрдорӣ хоҳиш кардааст, агар натавонед накӯчонед, пас дар боғи Айнӣ  хонаи нави Айниро бисозед ва марҳамат бикӯчонед……  Раисони илм ва адабиёти Тоҷик аз тарс ҷавоби духура додаанд, ҷавобе ки хости аслии худашон нест.   Шаҳрдорӣ аз ин посухи “ҳам лаъл ба даст ояду ҳам ёр наранҷад”, албатта, қисматеро интихоб мекунад, ки худ мехоҳад…. Яъне, посухи раисайн хатти барот ба шаҳрдорӣ медиҳад, ки ҳарчи дилатон хост, ҳамонро бикунед!   Ин ҳама ба ин маъност, ки мо ҳанӯз ба истиқлол ва озодии воқеӣ даст наёфтаем, чун осону саҳл арзишҳои миллиамонро зери по мекунем….. Тоҷикистон пур аз мазор аст: мазори бузургони дин!  Бо он ки бештари ин мазорҳо (шояд ба ҷуз мазори Сайид Алии Ҳамадонӣ) ҷаълӣ ҳастанд, мардум ба онҳо эҳтироми хос доранд, ҳамасола даҳҳо ҳазор нафар ба зиёраташон мераванд…… Дар ин амр муҳим ихлоси мардуми тоҷик аст ва қадрдонӣ!

Аммо Садриддини Айнӣ барои мардуми тоҷик ва Тоҷикистон  хидмати хеле боарзиштар ва мондагортар аз ин бузургони ростину дурӯғини  мазҳабӣ  кардааст! Айнӣ ин мардумро аз хоби ғафлат бедор кардааст ва ӯро ба худаш шиносонидааст, ба ӯ ҳувият додааст, ба хотири ӯ ҷони худро ба гарав гузоштааст.. Айнӣ аз асосгузорони Тоҷикистони шӯравӣ аст, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол дар таҳкурсии он бунёд ёфтааст!  Ва акнун мо  мардуми қадршиносу шукргузор   ба ҷойи он ки қадамгоҳҳои ӯро ҳифз  бикунем, мехоҳем ягона хонаашро дар пойтахти кишварамон хароб бикунем! Мойи навбадавлатрасида аз ҳақирии хонаи Айнӣ шарм мекунем!

Ин ҷо ривояте ба ёдам расид, ки  Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ, – руҳаш шод бод, –  бароям  ҳикоят карда буд. Инак, ӯ ҳикоят кард, ки устод Айнӣ дар Душанбе бемор мешавад ва мехоҳад, ки  ба Самарқанд баргардад. Бобоҷон Ғафуров ба фиросат дармеёбад, ки Айнӣ  ин бор аз рахти беморӣ барнамехезад ва пизишконро даъват мекунад, то ба ҳар васила монеаи ба Самарқанд рафтани устод бишаванд….. Бобоҷон Ғафуров, ҳатто аз андешаи он ки  Айнӣ дар берун аз хоки Тоҷикистон хок мешавад, бимзада шуда буд ва аз тамоми неру ва қудрати хеш истифода кард, то ин Тоҷики бузург дар пойтахти Тоҷикистон бимирад ва дар ҳамин ҷо дафн карда шавад……

Кӯтаҳандешии тасмими  интиқол додани хонаи Айнӣ  бо дурандешии муаллифи “Тоҷикон” тазоди ошкор дорад……

Дар ҳайрат мемонӣ,  чун  мебинӣ бо харҷи миллионҳо сомонӣ ва хароб кардани садҳо хона Бурҷи истиқлол месозанд ва ҳамзамон дар садади он ҳастанд, ки  рамзу сумбули бунёдии халқро вайрон кунанд…..

Алӣ, чаҳорумини  хулафои рошидин гуфтааст:  Хомӯшӣ дар баробари зулм ҳам  ҷиноят аст……

Яқинан, агар хонаи Айнӣ хароб карда шавад, зулме бар миллату кишвар аст ва ҳамаи мо, бархе бештар ва бархе камтар шарики ин ҷинояту зулм  хоҳем буд. Чунонки  дар хароб шудани Душанбе таърихӣ  ҳамаи мо шарик будаем!

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *