АмниятАхборТоҷикистон

Артиши Тоҷикистон ҳанӯз ҳам заифтарин дар Осиёи Миёна аст

Дар раддабандии нав артиши Тоҷикистон боз мавқеъи «заифтарин артиши Осиёи Миёна»-ро шҳифз кард ва аз нерухои мусаллаҳи Ӯзбекистон, Киргизистон, Казоқистон ва Туркманистон ақиб монд.

“Global Firepower” (GFP), як пойгоҳи таҳлилӣ, ки қудрати низомии кишварҳои дунёро пайгирӣ мекунад, дар радабандии ахираш нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро миёни 140 кишвари дунё бетағйир дар мақоми 99-ум гузоштааст.

Соли гузашта низ Тоҷикистон дар ин радабандӣ дар ин мақом менишаст ва давоми як сол тағйироте ба вуҷуд наовардааст.

Дар Осиёи Марказӣ қавитарин артиш аз Ӯзбекистон унвон шудааст, ки дар зинаи 51 нишаста, ҳайати низомии он 50 ҳазор ва харҷи солонааш 15 миллиард гуфта мешавад.

Қазоқистон дар ҷойи 61 – ум, Туркманистон дар зинаи 86 ва Қирғизистон дар ҷойи 93 нишастаанд.

Мувофиқи радабандӣ ҷойи авалро Амрико, ҷойи дувумро Русия ва ҷойи севумро Чин гирифтаанд.

Ба даҳгонаи бузургтарин артишҳои ҷаҳон Ҳиндустон, Фаронса, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Бритониёи Кабир, Туркия, Олмон, дохил шуданд. Дар радабандӣ 140 кишвари ҷаҳон баррасӣ шудаанд. Гузоришгарон, ҳангоми тартиб додани феҳрист 55 омил ба назар гирифтаанд.

Қайд мешавад, ки на танҳо шумораи силоҳ, балки намудҳои он қудрати онҳо низ ҳисоб шудаанд.

Ҳамчунин дар тартиб додани радабандӣ мавқеи ҷуғроофӣ, имкониятҳои воситаҳои нақлиётӣ, иктишофи захираҳои табиӣ, саноати маҳаллӣ ва шумораи низомиён ба назар гирфита шудааст.

Артиши Тоҷикистон дар радабандӣ соли 2020 – ҷойи 99, 2019 ҷойи 94 ва қабл аз он зинаи 96-умро соҳиб шуда буд.

Соли гузашта, гузоришгарон ҳайати низомии кишварро 9 ҳазор арзёбӣ карда, гуфтаанд, маблағгузорӣ ба артиш дар Тоҷикистон солона 79 миллион долларро ташкил медиҳад.

Гуфта шуд, ки Тоҷикистон бо 20 чархбол, 253 тонк, 400 техникаи зиреҳпӯш, 80 тӯбхона ва 125 проекторҳои мушакӣ мусаллаҳ аст. Аз сабаби набудани роҳи мустақим ба баҳр, ҷумҳурӣ флоти баҳрӣ надорад.

Манбаъ: “Хабар”.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *