Ахбор

БОЗЁФТИ ДОНИШМАНДИ ТОҶИК ДАВЛАТХОҶА ДОВУДӢ

Давлатхоҷа Довудӣ – сармутахассиси шуъбаи бостоншиносӣ ва сикашиносии Осорхонаи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих дирҳами тиллоии замони Сомониёни зарробхонаи Раштро ошкор кардааст, ки дар бостоншиносӣ саҳифаи нав аст.

Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон як сиккаи нодири тиллоии сомонӣ мавҷуд аст. Дар рӯйи сикка дар марказ номи Алӣ ва калимаи тавҳид  علی / لا اله الا / الله/ وحده/لا شریک له “Али /Ла илаҳа ила / Аллаҳу ваҳдаҳу / ло шарика лаҳу”.  Дар гирди рӯйи ин сикка навишта шудааст, ки بسم الله ضربهذا الدرهم براشت ../  ستین….. . “ Бисмиллаҳ, зуриба ҳаза ал дирҳам би Рашт санат…..”, яъне “Ба номи Аллоҳ, зада шуд ин дирҳам дар Рашт дар соли …….”. Мутаассифона, баъзе ҷойҳои навиштаи гирд пок шудааст.

Аз навиштаҷоти ин сикка бармеояд, ки он аз номи амири сомонӣ Мансур бинни Нуҳ ва ҳокими маҳаллӣ Алӣ дар зарробхонаи Рашт зада шудааст.

Феҳристи мукаммали дирҳамҳои Рашт, ки дар Аврупои Шарқӣ ва Шимолӣ ёфт шудаанд, то ҳанӯз тартиб дода нашудааст ва иҷрои ин кор яке аз вазифаҳои муҳими сиккашиносони тоҷик мебошад.

Аз саҳифаи Аҳмадшоҳ Комилзода

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *