АхборСиёсатҲуқуқи башарҶаҳон

Дар Куриёи Шимолӣ мафкураи “кимченинизм” тарғиб мешавад

Раҳбари Куриёи Шимолӣ Ким Чен Ин ба мақомоти расмӣ дастур додааст, ки идиюлужии нав – “кимченинизм”-ро дар кишвар таблиғ кунанд.

Дар ин бора Daily Mail маълумот медиҳад.

Чунон ки нашрия қайд мекунад, ходимони иктишофии Куриёи Ҷанубӣ хафтаи гузашта маълум карданд, ки истилоҳи «кимченинизм» дар доираҳои ҳукуматии Ҷумҳурии халқӣ-демократии Куриё аллакай фаъолона ба кор бурда мешавад.

Дар ҳамин ҳол, расонаҳои давлатии Куриёи Шимолӣ Ким Чен Инро “раҳбари бузург” номиданд. Қаблан ин истилоҳ танҳо дар робита ба бобои раҳбари кунунии кишвар ва бунёдгузори давлати Куриёи Шимолӣ Ким Ир Сен истифода мешуд.

Илова бар ин, маълум шуд, ки Ким Чен Ин талаб кардааст портретҳои бобояш ва падараш Ким Чен Ир аз тамоми биноҳои ҳукуматӣ дар Пхенян бардошта шаванд.

Ба гуфтаи коршиносон, чунин рафтори раҳбари феълии Куриёи Шимолӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки ӯ як қатор ҷанбаҳои низоми бунёдкардаи бобову падараш, бахусус мавқеъеро, ки қонунӣ будани ҳокимияти ӯро бо зуҳури эҳтироми пешгузаштагонаш алоқаманд мекунад, намеписандад.

“Ҳамин тариқ, Ким Чен Ин, зоҳиран, кӯшиш мекунад, ки аз сояи аҷдодони худ берун равад ва мехоҳад автократ, худкома шавад”, – навиштааст Daily Mail. Ин дар навбати худ метавонад аз он шаҳодат диҳад, ки раҳбари феълии Куриёи Шимолӣ ба мавқеъҳои худ дар низоми сиёсии кишвар хеле боварманд аст.

Қаблан дар Куриёи Шимолӣ мафҳуми «кимирсенизм-кимчениризм»-ро барои тавсифи идиюлужии бартаридошта дар кишвар истифода мекарданд. Ин мафҳумҳо аз таъкиди ворисияти сиёсати Ким Чен Ун ва пешгузаштагони ӯ дар ин мақом – Ким Ир Сен ва Ким Чен Ир далолат мекарданд.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *