Ахбор

ДАР ПОИ ПАЙКАРА ва ё дар ҳошияи баҳсҳои дар куҷо гузоштани ҳайкали президенти Тоҷикистон

Додоҷони Атовулло, рӯзноманигор ва сиёсатмадори тоҷик

Гумроҳии аксари ҳокимон дар он аст, ки аз таърих сабақ намегиранд. Гузашта аз ин итминон доранд, ончунон зираканд, ки таърихро ҳам дигар мекунанд.

Ҳукумат ва қудрат васвасаҳое доранд, ки на ҳар кас тавони онҳоро канор задан дорад. Ситоишномаю мадҳияҳо, таъзиму таслим ба он меоварад, ки як одами хокӣ бовар мекунад, ки ӯ инсони истисноист ва месазад барояш пайкара гузошт.

Замоне замини кишваре аз муҷассамаҳо пур буд. Баъд онҳоро вожгун карданд, шикастанд, ҳатто дар сару рӯяш шошиданд.

Бутпарастӣ бароям хушоянд нест. Ба ҳар кас муҷассама сохтан, ба номи ҳар қаҳрамони ҷаълӣ номи мактабу кӯчаю шаҳристонҳоро додан як намуди ифротгароӣ ва тамасхури таърих аст.

 

Ба одами зинда ҳайкал мондан мисли он аст, ки дар зиндагии шахс барояш қабр мекобӣ.

 

Беҳтарин пайкара – пайкара дар дили мардум, дар хотираҳои мардум аст, ки ба гуфти офаридгори Фирдавсии шоҳномасаро

«аз боду борон наёбад газанд!»

 

Охирин шоҳи Эрон – Муҳаммад Ризо Паҳлавӣ ҳам муҷассамаи барҳавое дошт, ки дар замони зиндагияш барафрохта буданд. Баъди инқилоби исломӣ тани шоҳро аз пойҳояш ҷудо карданд ва пойҳо ҳанӯз барҷоянд. (Нигаред ба сурат)

 

Ҳоло Туркманистон бо ҳайкали тиллоии Туркманбошӣ, ки ба гардиши офтоб гирд мегардад, хандахариши ҷаҳониён аст. Намехоҳам, ки мо ҳам боз баҳонае барои мазоҳу масхараву тамасхур гардем.

 

 

 

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *