АхборКишварҳои пасошӯравӣСиёсатҲуқуқи башарҶаҳон

Интерпол аз ҷустуҷӯи Светлана Тихановская худдорӣ кард

Интерпол аз ҷустуҷӯи байналмиллалии раҳбари нерӯҳои демократии Беларус Светлана Тихановская худдорӣ кард.

Дар ин бора раиси Дафтари миллии марказии Интерпол дар Беларус Дмитрий Медведев дар пахши телевизиони  ҳукуматии Беларус-1 изҳор дошт.

Қаблан Светлана Тихановская ва дигар мухолифини Ҳукумати Беларус  аз Котиботи кулли Интерпол даъват карданд, ки ҳамкорӣ бо мақомоти Беларусро қатъ кунад.

Ба гуфтаи Дмитрий Медведев,  ин созмон пас аз омӯзиши маводи пешниҳодкардаи ҷониби Беларус оид ба парвандаи Светлана Тихановская чунин тасмим гирифтааст.

“Ин танҳо риояи қоидаҳо ва меъёрҳое аст, ки дар созмон вуҷуд дорад”, – гуфт Медведев ва афзуд, ки “интерпол ҳеҷ гоҳ қонунӣ будани парвандаҳои ҷиноии дар қаламрави Беларус оғозшударо зери шубҳа намегузорад”.

Дар котиботи кулли Интерпол дар шарҳи бахши русии Би-би-сӣ гуфтанд, ки онҳо “дар бораи қонунӣ будани парвандаи ҷиноӣ (дар парвандаи Тихановская), инчунин дар ҳама гуна ҳолатҳои дигар дар қаламрави давлатҳои аъзо, аз чумла Беларус изҳори назар накардаанд.

Қаблан Светлана Тихановская ва ташаббуси ByPol ​​(ин созмон низомиёнеро, ки Беларусро тарк кардаанд, муттаҳид мекунад) аз Котиботи кулли Интерпол даъват карданд, ки бо режими Лукашенко ҳамкорӣ накунад. Ситоди Тихановская бар ин бовар аст, ки мақомоти Беларус борҳо кӯшиши ҷустуҷӯи байнулмилалии эътирозгаронро бо ёрии  Интерпол кардаанд.

Моҳи апрели соли 2021 Кумитаи амнияти давлатии Беларус Светлана Тихановскаяро ба феҳристи афроди даст доштан дар фаъолиятҳои террористӣ шомил кард. Сардори Раёсати мардумии зиддибӯҳронӣ Павел Латушко низ дар ин феҳрист шомил буд.

Ҳамчунин, алайҳи Светлана Тихановская ва Павел Латушко бо иттиҳоми тасарруфи худсаронаи қудрат парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Беларус бо дархости истирдоди Тихановская ба Литва муроҷиат кард, аммо ин дархост бо ибораи “балки  ҷаҳаннам ях хоҳад зад” рад шуд.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *