АхборИқтисодКишварҳои пасошӯравӣТоҷикистонҲамкорӣҶомеа

Мақомоти Маскав мехоҳанд дар корҳои сохтмонии пойтахт коргарони хориҷӣ ҷалб нашаванд

Норасоии захираҳои корӣ дар сохтмонҳои Маскав тақрибан 40%  камбуди захираҳои корӣ ба назар мерасад.

Дар ин бора муовини шаҳрдори Маскав оид ба сохтмон Андрей Бочкарев  дар мусоҳиба бо  РБК хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, ҳоло дар сохтмонҳои пойтахт коргарону муҳандисон намерасанд, “зеро дар Маскав ҳеҷ вақт ин қадар зиёд бино насохтаанд.”

Тавре Бочкарев гуфт, ҳоло дар сохтмонҳои Маскав тақрибан 40 ҳазор муҳоҷир кор мекунанд, дар ҳоле ки то замони пандемияи COVID-19 ин шумора 120 ҳазор нафарро ташкил мекард. Агар қаблан умдатан онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон буданд, ҳоло бештари сохтмончиёни муҳоҷир аз Узбакистону Қирғизистон меоянд.

Барои рафъи камбуди бинокорон, ба қавли Бочкарев, пеш аз ҳама музди меҳнат ва дараҷаи механизацияро  баланд бардоштан лозим аст.

“Маоши миёнаи як муҳоҷир дар сохтмон ҳоло  ҳудуди 50-60 ҳазор рубл аст, дар ҳоле, ки қаблан 30 ҳазор буд. Аммо бисёриҳо аллакай бо 80 ҳазор рубл  кор кардан намехоҳанд. <…>  Инҷо танҳо як роҳ ҳаст. Музди меҳнати коргарон дар Хитой ба ҳисоби миёна 150 ҳазор рубл, коргари фин — 240 хазор рубл ва Инглистон — 250 ҳазор рубл аст  ва онҳо аз хориҷа коргар намеоваранд. Ман дар назди ҳамкасбони худ дар сохтмон вазифа гузоштаам, ки бояд  объектҳои бинокорй бе қувваи коргарии хориҷӣ сохта шаванд.  Дар он сурат дар сохтмонҳо бояд се баробар кам одамон кор кунанд ва музди кори онҳо ду, ҳатто се баробар зиёд бошад ва мо ду баробар зудтар корҳои сохтмониро анҷом медиҳем”,- гуфт ӯ.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *