АхборДидгоҳИлм ва маорифТоҷикистонФарҳанг

МУРОҶИАТНОМАИ АДИБ МАРЯМБОНУИ ФАРҒОНӢ БА РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

Ба раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомали

МУРОҶИАТ

Имрӯз аз сомонаҳои гуногун хабари ба ҷойи дигар кӯчонидани хона-музейи сардафтари адабиёти навини тоҷик, аввалин президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон, Қаҳрамони миллии Тоҷикистон, нависандаи забардаст, яке аз сарсупурдагон дар роҳи бедории миллат абарустод Садриддин Айниро хонда, сахт ғамгин шудам ва хеле мутаассифам, ки аслан ҳамин масъала матраҳ гардидааст.

Чунонки омадааст, зарурати кӯчонидани хона-музей танҳо ба он хотир аст, ки бинои мазкур ба генплани нави шаҳр мувофиқат намекунад. Аз Раёсати Фарҳанги Шаҳри Душанбе низ иттилоия расид, ки осоргоҳи устод пурра аз байн бурда намешавад, балки ба ҷойи мусоид интиқол меёбад.

Ба андешаи банда ва корбарони фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ, ин кор ҳароина нодуруст аст ва муқобили арзишҳои миллист. Чунки хонаи устод болотар аз як бинои оддист. Ин хона ҷоест, ки устод на танҳо бархе аз асарҳои гаронарзиши худро нигоштаанд, балки маконест, ки он ҷо осоиш ёфтаанд, барои дар амал татбиқ кардани ормонҳои миллии хеш андеша рондаанд ва охирин рӯзҳои умри худро сипарӣ кардаанд. Бо чанд ҷиҳози шахсии устодро нигаҳ доштан, наметавон дар ҷойи нав он рӯҳияеро барқарор кард, ки Садриддин Айнӣ пас аз худ абадан дар ҳуҷраҳои манзили худашон гузоштаанд. Ин хона-музейе, ки нияти кӯчониданаш пайдо шудааст, танҳо як қаламу қаламдон ё чанд мизу курсии устод нест. Зиёраткунандагон ба ғайр аз тамошои ин ҷиҳоз муҳимтар аз ҳама нафаси эшонро, равиши қаламашонро ва садои пою асозании ин бузургворро эҳсос мекунанд.

Бояд гуфт, ин хона дигар танҳо як манзили зисти як нависанда нест, балки мероси гаронбаҳо барои миллат аст, ки дар Тоҷикистон аз устод мондааст. Аз ин рӯ, тақдири чунин меросро ҳал кардани гурӯҳе маслиҳат нест. Ин масъулияти бузург бар дӯши кулли миллат аст.

Аз Шумо хоҳиш мекунам, ки дар қабули ин қарор назари мардумро ба ҳисоб гирифта, масъалро ояндабинона ҳал кунед, то боиси тамасхури дӯсту душман нашавем.

Бо эҳтиром, Марямбонуи Фарғонӣ, нависанда, дорандаи Ҷоизаи адабии байналмиллалӣ ба номи Борис Пастернак, барандаи Ҷоизаи адабии ИН ба номи Садриддин Айнӣ ва Ҷоизаи адабии ИН “Нишони сухан”.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *