АхборКишварҳои пасошӯравӣСиёсат

Муҳлати ултиматум ба поён расид. Мухолифин дар Тифлис тазоҳуроти дигар баргузор мекунанд

Раиси бузургтарин ҳизби мухолифи Ҷунбиши муттаҳидаи миллии Гурҷистон Ника Мелия аз баргузории  эътирози густурда дар рӯзи душанбеи 8 ноябр дар майдони Озодӣ дар маркази Тифлис хабар дод.

Дар ин бора Sputnik Гурҷистон хабар медиҳад.

Тавре Мелиа дар брифинги вижа дар дафтари ҳизб гуфт, мӯҳлати ултиматуми аз ҷониби мухолифин ба ҳукумат пешниҳодшуда ба охир расид ва ҳизби ҳоким интиқоли Президенти сеюми Гурҷистон Михаил Саакашвилиро аз маҳбас ба як дармонгоҳи шаҳрвандии бисёрсоҳа таъмин накард.

Мелиа аз шаҳрвандон даъват кард, ки ба Майдони Озодӣ – ба он ҷое, ки борҳо “таърихи Гурҷистон навишта шудааст”, ҷамъ шаванд. Ӯ аз ҷумла гуфт: “Ҷомеаи Гурҷистон дар таърих ҳеҷ гоҳ шикаст нахӯрдааст ва дар ояндаи наздик ҳам мағлуб нахоҳад шуд. Мо ба номи ҳақиқат пирӯз хоҳем шуд”.

Мухолифин ба мақомоти Гурҷистон 24 соат муҳлат доданд, ки раисиҷумҳури собиқи Гурҷистон Михаил Саакашвилиро, ки 38 рӯз пеш дар маҳбас ба гуруснанишинӣ оғоз карда буд, ба дармонгоҳи шаҳрвандӣ интиқол диҳанд. Намояндагони мақомот ба ин ултиматуми мухолифин  эътибор надоданд, аз ин сабаб мувофиқан дар маркази Тифлис  тазоҳуроти эътирозии навбатӣ баргузор мешавад ва дар он нақшаи амалиёти минбаъдаи мухолифин эълон хоҳад шуд.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *