АхборКишварҳои пасошӯравӣОсиёи МарказӣСиёсатТоҷикистонҶомеа

Порлумони Қирғизистон хостори иҷозаи вуруди қирғизҳои Тоҷикистон ба кишвараш шуд

Қирғизҳои бумие, ки дар навоҳии Мурғобу Ҷиргатоли (Лахш) Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, наметавонанд ба Қирғизистон биёянд.

Ин масъаларо тибқи иттилои 24.kg  вакил Чинора Урумқалиева дар иҷлосияи Порлумон матраҳ кардааст.

Гуфта мешавад,  ки ба далели баста шудани марз қирғизҳои муқими Тоҷикистон наметавонанд ба дидори хешовандонашон дар Ҷумҳурии Қирғизистон раванд.

“Онҳо наметавонанд ҳатто барои ҷанозаи волидонашон ба Қирғизистон биёянд. Тоҷикистон ба онҳо иҷозат намедиҳад. Онҳо метавонанд тавассути як кишвари сеюм ба Қирғизистон ворид шаванд, аммо дар ин ҳолат марзбонони мо ба онҳо роҳ намедиҳанд. Ба далели ин мушкилот онҳо омодагӣ мебинанд, ки пас аз кушода шудани сарҳад комилан ба Қирғизистон кӯчанд”, – гуфт Чинара Урумқалиева.

Бояд гуфт, ки пас аз муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ дар моҳи апрели соли равон рафтуомад миёни сокинони наздимарзии ҳар ду кишвар аз сабаби баста шудани марзҳо мушкил гардид.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *