АхборКишварҳои пасошӯравӣСиёсат

Саакашвилӣ дар Гурҷистон ба “инқилоби ранга” даъват кард

“Дар Гурҷистон, мисли Арманистон ва Укроин “инқилоби ранга” анҷом додан лозим аст”, – гуфт 1 нояб президенти собиқи Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ.

Дар ин бора  REGNUM бо истинод  ба шабакаи телевизионии «Мтавари архи» хабар дод.

Ба гуфтаи вай, танҳо дар натиҷаи “инқилоби ранга” тағйир додани ҳукумат имконпазир аст. Муроҷиатномаи Саакашвилиро, ки дар айни замон дар маҳбас қарор дорад, роҳбари шабакаи телевизионии «Мтавари архи» Никанор Гварамия қироат кард.

“Дар ниҳоят, идеяи ин гуна инқилобҳо дар Гурҷистон,  дар замони насли мо ба вуҷуд омадааст, пас чаро мо он чизеро, ки дигар кишварҳо ба мо тақлид кардаанд, такрор накунем?” – гуфтааст Саакашвили.

Вай ҳамчунин таъкид кардааст, ки сокинони Гурҷистон  “тақаллуб”-и натоиҷи интихобот ба мақомоти худидоракунӣ ҳамчун таҳқир нистат ба мардум арзёбӣ намуда, аз тарафдоронаш даъват ба амал овардааст, ки мақомот барои ин аъмолашон “посух” гӯянд.

“Онҳо интихоботро дар рӯзи равшан аз мо дуздиданд. Мо дар ин интихоботҳо дар ҳама шаҳрҳои бузург пирӯз шудем ва як гурӯҳи роҳзанон, ки қудрати Гурҷистонро ба даст оварда буданд, ин пирӯзиро аз мо гирифтанд ”,- изҳор намудааст Саакашвилӣ.

Саакашвилӣ аз барканории раисиҷумҳури Укроин Виктор Янукович аз қудрат ва ба сари қудрат омадани Никол Пашинян дар Арманистон ёдовар шуда, хотиррасон намудааст, ки  дар Гурҷистон барои чунин сенария вақти кам мондааст.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 30 октябр дар Гурҷистон даври дуввуми интихоботи мақомоти худидоракунии маҳаллӣ баргузор шуд, ки дар панҷ шаҳри калон, аз ҷумла Тифлис ва 15 шаҳракҳо роҳбарон интихоб шуданд. Нерӯҳои сиёсии мухолиф интихоботро тақаллубӣ хонда, тарафдоронашонро  рӯзи 6 ноябр дар Тифлис ба тазоҳуроти густарда даъват карданд.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *