АмниятАхборКишварҳои пасошӯравӣСиёсатҲуқуқи башарҶаҳон

Сарвазири Лаҳистон: Лукашенко сенарияи Путинро барои барқарор кардани имперотурии Русия иҷро мекунад

Матеуш Мораветский, нахуствазири Лаҳистон рӯзи сешанбе дар бораи ҳамлаи муҳоҷирон ба марзи шарқии ин кишвар суханронӣ карда, гуфт, ки раисиҷумҳури худхондаи Беларус “дар Маскав дар симои Владимир Путин раҳбар дорад” ва азми худро барои амалӣ намудани сенарияи ӯ нишон медиҳад.

Дар ин бора    TVP Info  хабар медиҳад.

“Бояд таъкид кард, ки амнияти сарҳади шарқии мо дағалона вайрон карда мешавад. Ин бори нахуст чунин вазъият дар 30 соли ахир аст, ки мо метавонем бигӯем, ки якпорчагии марзҳои мо озмоиш мешавад”, – гуфт Мораветский зимни суханронӣ дар Сейм.

Вай гуфт, муаллифони амалҳое, ки вазъро дар Шарқ ноором мекунанд, Александр Лукашенко таҳти раҳбарии Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ҳастанд.

Моравецкий гуфт, ки сиёсати навимпературии Русия пеш меравад ва  Лукашенкоро “иҷрокунандаи сенарияи барқарории импературии Русия” номид.

Ба гуфтаи вай, диктатори белорус, ки ба марзи Лаҳистон ҳамла кард, “дар Маскав дар симои Владимир Путин раҳбар дорад” ва азми худро барои иҷрои ин сенария нишон медиҳад.

Мораветский гуфт, ки «дар сарҳади шарқӣ мо на танхо бо таҷовузи бевоситаи зидди давлати Лаҳистон, балки бо намоиш додани спектакл ҳам машғул мешавем».

“Мо дар бораи харобкорӣ на танҳо дар кишвари худамон, балки дар саросари Иттиҳоди Аврупо ҳарф мезанем. Имрӯз мо бо шароити бадтар аз солҳои 2015 ё 2016 рӯбарӯ ҳастем. Мо шарикони НАТО ва Иттиҳодияи Аврупоро мутмаин сохтем, ки якҷоя сарҳади шарқии Паймон ва ИА-ро муҳофизат мекунем “- афзуд Мораветский.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *