АхборКишварҳои пасошӯравӣСиёсатҲуқуқи башар

Табибон вазъи саломатии Саакашвилиро вазнин арзёбӣ карданд

Пас аз 48 рӯзи гуруснанишинӣ  сиёсатмадор ба энцефалопатияи Вернике, гипокалиемияи доимӣ ва таласемия гирифтор шудааст.

Гурӯҳи пизишконе, ки Омбудсмени Гурҷистон Нино Ломҷария барои муоинаи раисиҷумҳури пешини Гурҷистон Михаил Саакашвили таъсис додааст, рӯзи чаҳоршанбеи 17 ноябр гузоришеро дар бораи вазъи сиёсатмадор мунташир карданд.

Дар пайи муоинаи Саакашвили табибони мустақил вазъи беморро вазнин эълон карда, хостори интиқоли фаврии ӯ ба клиникаи хусусӣ шуданд.

“Бо назардошти вазъи вазнини бемор, идомаи муолиҷаи ӯ бояд фавран дар беморхонаи бисёрсоҳа, бахусус дар шӯъбаи эҳёгарӣ сурат гирад, ки беморхонаи маҳбас ба ин мувофиқат намекунад,” – гуфта мешавад дар ҳуҷҷат.

Табибон гуфтанд, ки пас аз 48 рӯзи гуруснанишинӣ Саакашвили ба энцефалопатияи Вернике, гипокалиемияи доимӣ, талассемия гирифтор шудааст ва эҳтимоли хунравии меъдаю рӯда низ зиёд аст.

Дар баробари ин, аъзоёни шӯро бар ин назаранд, ки ҳанӯз ба шуъбаи эҳёгарӣ зарур нест.

Ёдовар мешавем, ки Саакашвили рӯзи 1 октябр дар Гурҷистон боздошт шуда буд. Баъди боздошт ӯ гуруснанишинӣ эълон кард. Даҳ рӯз пеш ӯро бидуни ризоияти пайвандон ва вакилони дифоъ аз зиндони шаҳри Руставӣ ба бемористони зиндони Тифлис интиқол додаанд.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *