АхборДидгоҳИлм ва маорифСиёсатТоҷикистонФарҳангҶаҳон

Умед Ҷайҳонӣ: “Намунае дигар аз номгузории нобихрадона”

Умед Ҷайҳонӣ, забоншиноси тоҷик

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон ҳамчунин гузориш дода, ки раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ 19 ноябр «аз Маҷмааи хизматрасонии Кохи «Парфенон» дидан карданд».

Ин ниҳод тазаккур дода, ки «тарҳи бинои Кохи “Парфенон” аз иншооти қадимаи юнонӣ гирифта шуда, нишонаи возеҳи арҷгузории миллати тамаддунофари тоҷик ба таъриху кӯҳани кишварҳои қадимаи дунё мебошад. Бо мақсади муаррифии таърихи қадима дар пештоқи бино ва дар дохили толор муҷассамаҳои қаҳрамонони юнони қадим гузошта шудааст».

Парфенон маъбад ё ниёишгоҳе дар шаҳри Афина, пойтахти Юнон, аст, ки дар солҳои 447–432 пеш аз милод дар замони подшоҳии Периклус ба ифтихори Афина, эзадбонуи нигаҳбони шаҳр, бар Акропулис сохта шуд. Ин ниёишгоҳро дар садаи 6 милодӣ калисо карданд ва дар замони истилои султонҳои усмонии турк бар Юнон масҷид шуд. Акнун вайронае дар пойтахти Юнон аст.

Аммо Юнон куҷову Тоҷикистон куҷо ва Душанберо бо Афина чи нисбатест, ки бунгоҳе дар ин шаҳр ба номи ниёишгоҳи мардуме бошад, ки 2500 сол пеш бар сарзамини мо тохтанду танҳо дар шаҳри Самарқанд 300 ҳазор суғдиро сар буриданд ва камубеш 200 сол (331 – 125 пеш аз милод) ниёкони моро бандаву барда карданд?

Ин чи кирдору рафторе аст, ки ёдгориҳои меъмории шуравии шаҳри Душанберо нобуд кунанд ва сохтмоне дар зоҳир монанд ба сабки юнонӣ бисозанду номашро Парфенон бигзоранд?

Ин номгузорӣ на «нишонаи возеҳи арҷгузории миллати тамаддунофари тоҷик ба таъриху кӯҳани кишварҳои қадимаи дунё», балки нишонаи тақлиди манқуртона аз бегонагон аст.

Спитаману Катанак, раҳбарони шӯриши суғдиёну балхиён бар Искандари Мақдунӣ, ин номгузориро хиёнат ба давлату миллат мешумурданд.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *