АхборИлм ва маорифТоҷикистонФарҳангҶомеа

ХОНА-МУЗЕЙИ САДРИДДИН АЙНӢ КӮЧОНИДА НАМЕШАВАД

ДУШАНБЕ, 19.11.2021. /АМИТ «Ховар»/Тибқи дастури Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Хона-музейи адиб, олим, сардафтари адабиёти муосири тоҷик, аввалин Президенти Академияи илмҳо ва Қаҳрамони Тоҷикистон — Садриддин Айнӣ, воқеъ дар кӯчаи Ҳамза Ҳакимзодаи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бартараф карда нашуда, нигоҳдошти минбаъдаи он таъмин карда мешавад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо пешниҳоду дархостҳо ва ибрози андешаи як зумра олимону нависандагони кишвар дар робита ба кӯчонидани Хона-музейи Устод Айнӣ таваҷҷуҳ намуда, дастур доданд, ки хона-музей  аз байн бурда  нашавад.

Ҳамчунин ба сохторҳои дахлдор супориш додаанд, ки атрофи осорхона ободу зебо нигоҳ дошта шуда, мунтазам корҳои сабзкориву гулзоркунӣ амалӣ карда шаванд, зеро он макони таърихӣ буда,  устод Айнӣ се соли охири ҳаёти худро дар ҳамин манзил гузаронида будааст.

Ёдовар мешавем, ки Осорхонаи адабии Садриддин Айнӣ соли 1978 бахшида ба 100-солагии сардафтари адабиёти муосири тоҷик бунёд гардидааст. Осорхона аз якчанд толор ва бойгониву маҷлисгоҳ иборат буда, ҳар яке тартиб ва вазифаи хешро дорад. Инчунин дар осорхонаи мазкур осори устод Садриддин Айнӣ, ки ба 30 забони дунё тарҷума шудаанд ва асарҳои адибоне, ки ҳаёту эҷодиёти устодро таҷассум кардаанд, нигоҳ дошта мешаванд.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *