АхборИқтисодСиёсатҲуқуқи башарҶаҳон

ЮНИСЕФ аз афзоиши шумори издивоҷҳои кӯдакона дар Афғонистон хабар медиҳад

ЮНИСЕФ аз афзоиши издивоҷҳои кӯдакона дар Афғонистон нигарон аст

Ҳенриетта Фор, мудири иҷроияи ин созмон гуфт, Сандуқи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) аз афзоиши шумори издивоҷҳои ноболиғон дар Афғонистон нигарон аст.

“Ман аз гузоришҳо дар бораи афзоиши издивоҷҳои ноболиғон дар Афғонистон сахт нигаронам… Мо гузоришҳои мӯътамад дар бораи хонаводаҳое дарёфт кардем, ки духтарони 20-рӯзаро барои издивоҷи оянда бар ивази маҳр пешниҳод мекунанд”.

Тавре ЮНИСЕФ қайд кардааст, як падидаи густурда, аз қабили издивоҷи бармаҳал дар Афғонистон метавонад боиси хушунати хонаводагӣ ва табъизи занон ва дар натиҷа мушкилоти равонӣ шавад. Ин созмон тахмин мезанад, ки 28 дарсади занони аз 15 то 49-солаи афғон то синни 18-солагӣ издивоҷ кардаанд.

Ин созмон ҳамчунин аз мақомоти афғон даъват мекунад, ки барои дастгирӣ ва ҳифзи хонаводаҳои осебпазири афғон кумак кунанд. Ба гуфтаи ЮНИСЕФ, вазъи номусоиди иқтисодӣ дар Афғонистон пас аз фурӯпошии низоми пешин ва ғасби ҳукумат аз ҷониби гурӯҳи дар Тоҷикистон мамнӯи Толибон ҳарчи бештар хонаводаҳоро водор мекунад, ки духтаронро дар синни барвақт ба издивоҷ диҳанд ва ё фарзандони худро ба кор фиристанд.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *