ДидгоҳИлм ва маорифСиёсатТоҷикистонҲуқуқи башарҶомеа

Ҳафиз Бобоёров: “Тарҳи як … оянда”

Ҳафиз Бобоёров, пожӯҳишгари тоҷик

Мехоҳам дар робита ба ҳодисаи Хоруғ як мақола нависам, аммо ҳоло фақат тарҳи онро пешниҳод мекунам, то хондану фаҳмидан ва ба гӯшу ҳӯши масъулони давлат расиданаш осон бошад. Барои ҳамин, мақоларо ба ояндаи наздик мегузорам. Аммо ин ҷо сатрҳои он тарҳ:

1) Ҳукумати кишвар аз модарони фарзандгумгардаи Хоруғ бахшиш пурсад. Рӯзи мотами миллӣ эълон шавад, гарчанде ба ҳаёт баргардондани кушташудагон ва ҳамдардӣ бо модарон номумкин аст.

2) Дар нисбати он ёвари додситон, ки ба духтари мардум дастдарозӣ кард, парвандаи ҷиноӣ боз шавад ва дар ин парванда намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Хоруғ ҳам шомил шаванд, то ҷараён шаффоф сурат гирад ва мардуми башӯромада ором шаванд.

3) Эътироз ва шӯру қиёми мардумро намешавад бо зӯроварии мусаллаҳона фурӯ нишонд. Ин кор оқибат надорад. Бахусус, дар замоне ки вазъияти сарҳад ором нест ва дар он сӯи Ому Толибон дар сари ҳукуматанд.

4) Барқро ба мардуми худ диҳед, яъне фурӯшед, то онҳо бегоҳ фурсат дошта бошанд бо аҳли хонавода бинишинанд, рози дил гӯянд, ба ояндаи нек бовар кунанд, вазифаҳои мактабиро иҷро кунанд ва КИТОБ ХОНАНД!

5) Роҳи ҳалли мушкилот худфиребию фиреби мардум ҳам нест. Роҳи ҳал иҷрои талаботи мардум, зиёиён ва ҷомеаи шаҳрвандии Бадахшон ва тамоми кишвар аст, ки солҳо ба назар гирифта намешаванд.

6) Яккатозӣ ва хонаводагӣ кардани сиёсат ва иқтисоди давлати Тоҷикистон ба нокуҷо мебарад. Ҳама ақли солим мегӯянд, ки ҳукумати хонаводагӣ оқибат надорад, ҳатто агар он адолати иҷтимоиро таъмин карда бошад, ки дар Тоҷикистон чунин нест. Ақли солим мегӯяд, ки он ҳукуматдоре дар зиндагӣ ва баъди сараш вирди забон ва ҷовидон мешавад, ки кишварро аз вартаи нобудӣ берун кашад, бо фасодкорӣ муборизаи беамон барад, адолати иҷтимоиро барқарор намояд, низоми мардумсолорро барпо созад. Дигар роҳе вуҷуд надорад!

Ба худ биёед! Дар бораи оқибати худ, мардум ва миллату давлати Тоҷикистон андеша кунед! Ҳоло ҳам дер нест!

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд.