АхборФасодҲуқуқи башар

ҶӮГИҲОИ ДАВЛАТӢ Фурӯдгоҳ ё талбандахона?

Дар таърихи 17 – сентябр аз Кӯлоб тариқи ҳавопаймои “Урал” сӯи Москов (Домодедово) парвоз мекардам. Дар вақти лозима ба фурӯдгоҳи шаҳри Кӯлоб ҳозир шудам.

Ду соат қабл аз парвоз бақайдгири (регистрация ) сар шуд. Аммо дар фурудгоҳ ба ҳолати ғайричашмдошт рӯ ба рӯ шудам. Даромадан замон ба фурӯдгоҳ, аз муҳофизи дарбон гадоӣ сар шуд: “Танада ҳичӣ надори, ҳа? не, надорам! А… Хай як даҳ сум парто бгзар. Аз ин гузашта ба дигараш… Канӣ ҳуҷатот, ҳамааш созай? Ҳа, соз! О, друншда ҳичӣ нест ку… Парто ягон даҳ сумай бист сумай бгзар бра…

Боз дигаре дар курсӣ нишаста шиносномаҳоро аз қайд гузаронда, зери лаб ба ҳампаҳлуяш будаги ғур – ғур карда мегуфт: ту дар назди компютер нишину бақайд гир, “Баумеди шмо шем ай нуни хӯрдан мемонем…”

Шукр, ки аз ҷояш нахеста гузаштам, вагарна… Замоне шахси дигаре омада пастакак ба ҳар як муҳоҷир пичир – пичир мекард, ба назди ман ҳам расида пичирид : “Нос нестай нос, бгзаронмш…”

Ҷуздону пояфзоламонро аз муоина гузаронидем, корманде ба ҷустуҷӯйи тани ману дигаре ба ҷуздонам даромад. Ҳичӣ надори охӣ…? Не, албатта, хай, я бисум парто бра…

Агар худое накарда дар сумкаатон мураббо ё пиставу бодом пайдо шавад, тамом… нархаш аз бозорҳам дида даҳчанд мешавад. Агар шахсе ки барои савғот мураббо дар зарфи шишагин мебурд “гуҳари ноёбе” буд барои аҳли гумрукиён. Агар пули мегуфтагияшонро намепардохт аз савғояш маҳрум ҳам мемонд, ё агар маблағи кифоя дар ҷайбаш намебуд ба гуфти кормандони ин фурудгоҳ “Мурдаи лави қавр бдай” …

Аз ин ҷой ҳам гузашта ба маҳалчигӣ задам. Корманди навбатӣ ҳуҷҷат мепурсиду дар баробараш аз куҷо буданатро низ пурсон мешуд, пас аз фаҳмидани маҳаллам корманди дигареро фарёд зада мегуфт: «ин ҳамшаҳрии хдт бдай…» Пас аз ин чуздонамонро барои печ супурданӣ шудам…, барои печ бист сум бте…

Духтур низ барои гуфтани «масофаи иҷтимоиро риоя намоед»,  пул талаб кард… Ҳамин тавр, инаш пул мепурсиду дигараш… Лек шукр ки аз фаррош ному нишоне набуд, агар мебуд гумон дорам ҳатман барои роҳраве ки мешуяд маблағ талаб мекард.

Билохира аз тамоми ин монеаҳо гузашта, ба толори интизорӣ расидем. Худоро шукр, ки пас аз чанд муддат ҳавопаймо барои сафар омода шуд. Мо низ барои савор шудан тайёрӣ дидем.

Корманди дигари гумрук омада, барои мо чанд нуктаро қайд карду бароямон роҳи сафед таманно намуд ва бароямон ҳушдор кард… инро аз ёд набароред “Ай Масква, ки омаден аз пеши ма гзаштен я 1000 рубла друни загрантонда бмонен…” Роҳи сафед. “Ай усу бо кисаҳои при пул бгарден”…

Ин аҳвол маро бисёр ғамгин намуд. Ба гуфтаи муҳоҷирон дар дигар фурӯдгоҳҳо низ ин аҳвол ба назар мерасад. Аммо ин гуна фурудгоҳ “Нестандарҷаҳон” ҳаст, худаш чӣ гап? Ман аз як фурӯдгоҳ хулоса мекунам. Охир агар мо инқадар пули талаб мекардагии шуморо медоштем ба Русия муҳоҷират намекардем.

Мо ҳама худро мусалмон мегӯем, аммо кори ки мо мекунем ягон кофар намекунад…

Вале ноумедӣ кори шайтон аст. Ман умед дорам, ки ин ҳама доғҳо роҳи ҳали худро меёбанду мо ба ватани азизамон баргашта, ночиз ҳам ки бошад саҳми худро дар ободӣ мегузорем. “Аз ноумедиҳо басо умед аст, поёни шаби сиёҳ сафед аст”.

Раҳматов Шамшод, муҳоҷир

«Пайк»

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *