ДидгоҳТоҷикистонФарҳанг

СИЁВУШ ҶУНАЙДӢ: “ТО АЗ ТУ ГУФТАМ ЯК ҒАЗАЛ …”

Сафар Абдуллоҳ.

Номест, ки ҳиҷ ниёзе ба муаррифӣ надорад…

Аммо ман имрӯз моилам аз он чизе бигӯям, ки эшон солҳои тӯлонӣ аз ҳамагон пинҳон медоштанд ва факат ин чанд соли ахир аст, ки гаҳ-гоҳе, он ҳам аз тариқи шабакаҳои иҷтимоъӣ, ин тарафи пинҳон аз чашҳмо дар шахсияташро ошкор ва ин саҳнаи торик дар намойишномаи зиндагиашро рӯшан карда ва ба тамошои мову шумо мегузорад.

Ин тарафи пинҳон аз чашмҳо дар шахсияти устод ва ин саҳнаи торик дар намойишномаи зиндагии устод ШЕЪР аст. Устод шоъире ҳастанд, ки ба далоиле намехоҳанд худро шоъир биноманд, ё дигарон ӯро шоъир бидонанд. Яке аз далилҳои аслии ин рафтори устод, ишқу эҳтиром ба шеъру шоъир ва ҳато метавон гуфт ҳурмати шеъру шоъир пеши устод Сафар Абдулло аст. Аммо устод шояд намедонад, ё, ба эҳтимоли ғолиб, намехоҳад бидонад, ки дар воқеъ ҳамин ҳурмат ва эҳтироми ба шеър, хосатан шеъри оламгири порсӣ аст, ки ба ашъори вай як вижагӣ, як бартарӣ ва як навъ ҷаззобияти хосе мебахшад. Вақте шеърҳои устодро мехонӣ, атру нагҳати шоъирони порсӣ аз Рӯдакиву Ҳофизу  Румӣ то Сайфу Сойибу Насафиро мешунавӣ. Хондани ашъори устод ба он мемонад, ки як дастгоҳ аз “Дувоздаҳмақом” як уфар аз “Шашмақом” ё як парда аз мусиқии суннатии эрониро шунида бошӣ.

Ман борҳо ба устод пешниҳод кардаам, ки китоби ашъорашро чоп кунад, аммо ҳамеша посухи рад гирифтаам. Замоне ҳатто як маҷмӯъа аз ғазалиёти устодро мувофик бо завқу салиқаи худам интихоб кардам ва бурдам пешаш то барои чопи он аз эшон иҷоза бигирам. Аммо устод қатъан мухолифат карданд ва гуфтанд, ки “ин шеърҳо дар воқеъ як навъ “дардидилҳойи” ман бо худам аст. Кори аслии ман илм аст, адабиётшиносӣ аст, тадрис дар донишгоҳ ва кор бо донишҷӯёни риштаи шарқшиносӣ ва ироншиносӣ аст. Дар ин замина кор зиёд, гуфтаниҳо ва навиштаниҳо зиёд аст. Ман дар ин замина бояд кор кунам.”

Ва инро устод Сафар Абдуллоҳ мегуфт. Касе, ки зимни корҳои рӯзмарра ва фаъолияти ҳамешагии худ дар илми шарқшиносӣ, аз чумла эроншиносӣ, кори як институти комил, кори як маркази бузурги илмӣ, ва дар муқойиса бо бархе марокиз ва ниҳодҳои ба ном илмӣ-пажуҳишӣ, кори хеле бештар аз онҳо, кори як фарҳангистонро анҷом медиҳад.

Шояд кам нестанд касоне ки ба ин шева кору фаъолият мекунанд ва довталабона вазифа ва масъулияти як маркази бузурги илмиро бар дӯши худ доранд. Ман феълан ду шахсиятро ба ин вижагӣ мешиносам, ки яке устод Алии Деҳбошӣ бо маҷаллаи худ “Бухоро” дар Эрон ва дигаре устод Сафар Абдулло бо маҷаллаи худ “Иран-наме” дар Қазоқистон ҳастанд.

Мунсифона қойил бошем ва одилона эътироф кунем, ки ин коре андак ва содда нест. Ба вижа дар ин давроне, ки ангор ҳама дунё, тамомии қудратҳои хурду бузурги ин дунё даст ба дасти ҳам дода ва қавлу қарор кардаанд, ки ҳама нирӯи худро барои ба дасти нисён ва фромӯшӣ супурдан ва дар ниҳоят аз байн бурдани ҳар чи осори тамаддуни ҳаллоқ ва созандаи иронӣ, порсӣ ба харҷ бидиҳанд.

Ба вижа дар ин давроне, ки дурӯғдониш ҷойи дониш, шибҳи илм ҷойи илм, торихсозӣ ҷойи торихшиносиро гирифта ва ҳар чи дурӯғ аст майдон гирифта ва ҳар чи ростро аз майдон берун карда аст, чунин кор ва чунин фаъолияте, ки устод Сафар Абудлло зиндагии худро сарфи он карда аст, чизе ба ҷуз қаҳрамонӣ нест. Сафар Абудлло аҳли ҷараёноти мухталифи динӣ ва мазҳаби аз чумла, тассавуф, ки ҳоло бисёр мӯд шуда аст,  нест, ҳарчанд корҳои зиёди илмӣ дар ин заминаҳо дорад. Аммо агар қарор бар ин бошад, ки ӯро дар чунин чорчӯбае маҳдуд кунем, пас ҳамон мактаби “даст ба кору дил ба ёр аст”, ки устод аз он пайравӣ мекунад.

Аммо баргардем ба ҷониби Ҷаноби Шеър ва Ҳазрати Ғазал!

Устод Сафар Абдулло, ҳарчанд худ аз камоли хоксорӣ ва шикастанафсӣ ин ҳарфи маро қабул надорад, Шоъире комилъиёр аст, ки бо сабку завқу салиқаи худ, аз дидгоҳи худ ва ва аз дарду шодиҳо ва афкору андешаҳои худ менависад. Яке аз вижагиҳои шеъраш ин аст, ки ҳама дарду шодиҳо, ҳама афкору андешаҳои ӯ пиромуни Ватан аст ва ҳар чи ӯ менависад дар тафсиру таъбири вожаи Ватан аст, ва ҳар шеъраш, ба гуфти устод Лоҳутӣ “танида бо тору пуди Миҳан” аст.

Ба як иборат, устод Сафар Абдулло шоъирест чунонки худ дар як ғазалаш гуфта аст: “Дилаш баройи Ватан ба ҳаҷми осмон танг аст.” Аз назари ман, ҳамин мисраъи мутаноқиз (парадокс) шоирро метавон шиносномаи шеъри ӯ пазируфт. Осмон ба ҳиҷ ваҷҳ танг нест! Аммо ин дили шоъир аст, ки ба ёди Ватан танг аст. Ва ин тандгилӣ ба андозаи фарохнои осмон аст. Зеро ин осмон – осмони Ватан аст, ва ин Ватан ҳамон Тоҷикистони дар миқёси ҷаҳонӣ кӯчак аст, ки дар асл ҳамон Эрони Бузург, ҳамон хостгоҳи ҳар чи аз Бовар, Дониш, Тамаддун, Фарҳанг, Адабиёт ва Шеър аст…

… Ҳоло ин ҷанд ғазалро аз устод Сафар Абдулло тақдими дӯстони азизам мекунам, бошад ки дар ин шабони сарду тӯлонии зимистонӣ бар дилҳои азизон гармӣ ва умедворӣ бибахшад.

Рӯзи таваллуд муборак устоди азизам!

 

***

Эй меҳри туву ишқи ту дар ҷону тани ман!

Эй кишвари мазлуми куҳан, эй Ватани ман!

Эй ғуссаи дунё ҳама гирд омада дар ту,

Эй ҷони ҷаҳон, меҳри ту дарду ҳазани ман!

Таърихи ту деринаву пуршебу фароз аст,

Эй мояи фахри ману эй дилшикани ман!

Дур аз ту дилам хун шуда чун лола зи андӯҳ,

Дар дашт нарӯяд гулу сарву сумани ман,

Хоки ту парешон шуду мардони ту сарсон,

Ин хоки бузургон шуда байтулҳазани ман.

Мардону занони ту кунун дар ба дар, афсӯс,

Маҳрум зи домон-т, дареғо, Ватани ман!

Кай бозбигардад ба ту он шӯҳрату шавкат,

Эй хонаи умеди ман, оҳ, эй чамани ман?!

Бас хори мусибат ба дилам мехалад аз он-к

Хор аст чаро миллати гуланҷумани ман?!

Гар илм шавад хору ҳунар зор дар ин мулк,

Фарёд ба фарёдрас аст ин сухани ман.

Халке, ки кишоварз буд, аз кишт хабар нест.

Аз панбаи тоҷик кӣ бибофад кафани ман?

Дилгираму дилхаста дар ин мулки ғарибӣ,

Хоҳам, ки бимирам ба барат, эй Ватани ман!

***

Дил зи бароят, эй Ватан, танг шуд. Азми хона кард.

Мисли паранда аз сафар рӯй ба сӯйи лона кард.

Умр гузашт дар шикеб, дур зи ёру аз диёр,

Оташи дард дар дарун сӯз шуду забона кард.

Шаҳр ва мардуми дигар, гарчӣ буданд меҳрбон,

Дил ба хаёлат, эй Ватан, замзамаи тарона кард.

Меҳани чун биҳишти ман, то зи барат ҷудо шавам,

Тири ҷафои аҳриман синаи ман нишона кард.

Ин дили хаста метапад баҳри Ватан ва равнақаш,

Лек дареғ, зулмҳо бар Ватанам замона кард.

Эй дилу ҷони ман, Ватан, рӯҳу равони ман, Ватан!

Ҳоли хароби мардумат ашки маро равона кард.

Оҳ зи сайёди қазо! Зад ба танат ҳазор тир,

Мурғи ватанпарастро дур зи ошёна кард.

Бар сари боғи ту вазид қаҳри қазо чу тундбод,

Раҳм на бар ниҳол кард, раҳм на бар ҷавона кард.

То ба абад намеравад бӯйи ту аз димоғи ҷон,

Дил зи бароят, эй Ватан, танг шуд! Азми хона кард!

***

Дилам танг аст эй мардум, ба ҳаҷми осмон ин ҷо!

Замин обистани андӯҳи талхи беамон ин ҷо

Куҷо шуд хандаҳои боғҳои сабзи хушбахтӣ

Ки гулҳои умед уфтода дар коми хазон ин ҷо

Чароғи хонаҳо хомӯшу саҳни кӯчаҳо холӣ

Намеояд садои гарми пои раҳравон ин ҷо!

Касе… Дарде…Намедонам… Шукӯҳи шаҳрро бурда…

Чи омад бар сари хоки Ватан, эй дӯстон, ин ҷо?

Ватан дар коми воми Чину Рус уфтодааст, афсӯс,

Дареғо! Инчунин вобастагӣ уфтад гарон инҷо…

Ватандорон, ҷавононро ба мулки хештан хонед

Магар пайдо нахоҳад кард охир обу нон ин ҷо?

Дар ин даврони буҳронзо, ки Меҳан хонаи дард аст

Худовандо, муҳаббат кун, аз ин ғамҳо раҳон ин ҷо!

***

Соқӣ, бидеҳ ҷоми майам, ки сахт беҳушам кунад,

Аз дарди талхи меҳанам дуру фаромӯшам кунад.

Ҳоло, ки ҳамвандони ман дур аз Ватан дар ғурбатанд

Оҳ ин ғами ҷонкоҳашон, ҳар лаҳза махдушам кунад!

З-он май ки ғамҳоро кашад, дарду балоҳоро кушад,

Паймонаро лабрез кун, то нешро нӯшам кунад.

Нерӯи яздонӣ диҳад, файзи масеҳойӣ диҳад,

Бар ҷисми мурда ҷон диҳад, саршору боҳушам кунад.

Ҳарчӣ кунад бо ман кунад, бар оташу обам занад,

Дар назди Ковус имтиҳон мисли Сиёвушам кунад.

Тарсам аз ин бегонагӣ в-ин дурию девонагӣ

К-аз хештан бегонагӣ, лолу гаронгӯшам кунад,

То лаҳзае, ки як забон се ном дорад баҳрамон,

Беҳтар бувад аз шарми он якбора хомӯшам кунад!

Дур аз хату фарҳанги худ, даъвои дониш мекунанд,

З-ин баддилони нобакор, ҳошо ки мафрӯшам кунад.

Эй меҳани ҷовиди ман, эй лафзи ширини дарӣ ,

Оҳ эй забони модарӣ, меҳри ту пурҷӯшам кунад

***

Эй дӯст, омадӣ зи Ватан, аз Ватан бигӯ,

Аз рӯзгори мардуми соҳибсухан бигӯ.

Он қадр дар дилам ҳаваси рӯи меҳан аст,

Аз корубори мардуми он анҷуман бигӯ.

Аз ҳоли модарони писаринтизори мо,

З-андӯҳи пурҳои ғариби Ватан бигӯ.

Дилтанги шаҳри ёраму муштоқи диданаш,

Аз марзҳои баставу вазъи Миҳан бигӯ.

Ҳоло, ки ин “вабо” бирасиду ҷаҳон гирифт,

Аз ҳоли мардҳои ҷудо дар Ватан бигӯ.

Шавқи шубоб рафтаву пирӣ расидааст,

Эй муждаят баҳор, ту аз он чаман бигӯ!

Ёди Ватан кунам, дили ман мешавад ҷавон,

Ту аз Ватан бигӯву зи ъаҳди куҳан бигӯ.

Аз ман касе суроғ ба ғурбат намекунад,

Аз дӯстони лоиқи соҳибватан бигӯ.

Хуш омадӣ ба дидани ман аз диёри ман,

Танҳоям, эй бародари ман, аз Ватан

 

***

 

Нишаста кунҷи хонаам, касе ба дар намезанад,

Дар осмони ғурбатам паранда пар намезанад

Ту, эй Худои меҳрбон, маро зи дасти ғам раҳон,

Ки сӯзи нолаи дилам ба гӯши кар намезанад

Чӣ рӯзгори фитнаҷӯ, фалак шудаст кинаҷӯ

Чи шоми наҳс омада, ки субҳ сар намезанад

Чӣ шӯрбахт будаем, ғарибу дарбадар шудем

Ватан чу мурғи нимҷон, ки болу пар намезанад.

Ҷаҳони мост пур зи ғам, ҳазор нолаву ситам,

Замона табли хуррамӣ, ба чашми тар намезанад!

Хароб агар Ватан шавад, дилам шавад харобтар

Ки торҳои қалби ман аз ин батар намезанад.

Ба асли хеш кун руҷуъ, ҷаҳони хешро биҷӯ,

Худат дари умед зан, ки кӯру кар намезанад

 

***

Шаб ёдам омад дуриат, дил аз ғамат лабрез шуд,

Руҳам парешонтар шуду ҳар лаҳза ҳузнангез шуд

Эй Меҳани фарзонаҳо, эй маҳди поки Ориё

Бо номи ту оғози ман, бингар чи меҳровез шуд.

Ҳар ҷои дунё рафтаам,беҳтар зи ту,ҷое набуд,

Яъне ки дур аз хони ту ҳарҷо малолангез шуд

Вақте ки рафтам аз барат,аз домани пургавҳарат

Фасли баҳори лаҳзаҳо, пойиз шуд, пойиз шуд

Ҳамвора, ҳар ҷо, эй Ватан бо ёди некат зистам,

Ҳар гоҳ бо ёди хушат, набзам ба уфтухез шуд

Афсӯс дардат эй Ватан дарди гарони миллат аст

Ин дарси худнашносиат, дидӣ чи ваҳмангез шуд!

Бо ин ҳама, як лаҳзае, бе ёди покат нестам

То аз ту гуфтам ин ғазал, дардам дубора тез шуд

***

Охири кори ману ишқ ба ҷуз ҳирмон нест,

Дарди ишқ асту бузург асту варо дармон нест.

Зистам бе ту дар оғӯши балохези фироқ,

Шуд яқинам, ки висоли ту кам аз ҳиҷрон нест.

Мисли боде зи чаман умри ману ишқ гузашт..

Дар ғарибию аз ин ҳаҷр маро дармон нест.

Ончунон дар Ватанам вазъ хароб асту мапурс,

Маърифат рафта аз ин қавму дар он сомон нест!

Мулк вайронаву миллат шуда овора ба даҳр,

Ин ҳама ҳосили зулм асту зи кас пинҳон нест.

Дасти ман кӯтаҳу домони Ватан дар кафи бод,

Ку Сулаймон, ки дигар тоқати ин девон нест.

Ватанам, хоки бузургони пурармон, Ватанам,

Лоиқи базми бузургон шуданам, осон нест.

***

Ёди айёме ки дар меҳан ҷаҳоне доштем,

Ҳам ҷавонӣ, ҳам баҳори бехазоне доштем.

Шод будем аз замона, аз шукӯҳи рӯзгор,

Дар бари домони меҳан ошёне доштем.

Дӯш аз таъриху аз фарҳангу номуси ватан,

Аз ниёкони гузашта, сад нишоне доштем.

Остони мо набуд дигар, Бухорои шариф,

Бе Самарқанду Бухоро нимаҷоне доштем.

Борҳо кӯбида душман гурзҳои ҷаҳлро

Бар сари мо, ки зи илми худ тавоне доштем.

Сад дареғо, зарбаҳои бедареғи душманон

Бурда аз мо он шаҳомат, ки замоне доштем.

Шоъирони мо, ки буд номусашон номуси мо,

Чоплусӣ пеша карданду фиғоне доштем.

Душ агарчи дар паи фарҳангу дониш будаем

Мо ба бефаҳмӣ кунун ин “ному нон”е доштем.

Эй Худойи ҳозиру нозир раҳе бинмо, ки мо

Як замон то осмонҳо нардбоне доштем.

 

**

Дардо ки зӣ дидори дилороми ту дурам,

Муштоқ чунонам, ки пур аз шавқи ҳузурам.

Дур аз туву дур аз худу ин водии ҳиҷрон,

Молад ба кафи пил дар ин ҳодиса мӯрам.

Ин шаҳр қашангу дили ман кӯи ту дорад,

Аз дидани ҳар чиз ба ҷуз рӯи ту, кӯрам.

Ман ҳар шабу ҳар рӯз ба ёди ватан астам,

Бе ёди Ватан зинда куҷо? Зиндабагӯрам!

Эй мояи ҳастии ману руҳу равонам,

Бо ишқи ту ман фарри Каён, матлаъи нурам.

Гар қиссаи пурғуссаи худро ба ту гӯям,

Тарсам, ки ба поён нарасад қиссаи шӯрам.

Оҳ эй ватанам, марзи Хуросону далерон,

Зӯрам ҳама аз туст, агар авҷи ғурурам.

Он хиттаи ҷомонда аз Эрони бузургам,

Эй Меҳани ман, Тоҷики истони сурурам.

Бошӣ ҳама сарсабзу шукуфову сарафроз.

Чун боғи Худо, боғи падар, боғи шуъурам.

Нозам,ки ҳама нози ҷаҳонро ту сазойӣ,

Дардо ки гирифтори балоию, қусурам

Эй Рустаму эй Бобаку Масъуд куҷоед?

 

То чанд шумо дур, ман уфтода ба дурам?

Бар хеш бихон, эй Ватани ман, Сафари хеш,

Эй он, ки ба ғамҳои ту чун Санги Сабурам!

Сиёвуш Ҷунайдӣ, шоир

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд.