АхборИқтисодОсиёи МарказӣСиёсатҲамкорӣҶаҳон

Толибон бо сармоягузорони эҳтимолӣ аз Русия мулоқот анҷом доданд

Сухангӯи ҳаракати дар Тоҷикистон мамнӯи Толибон  Инъомулло Саманганӣ хабар дод, ки Толибон дар Кобул бо соҳибкорони рус ва афғон мулоқот карданд, ки метавонанд ба саноати Афғонистон сармоягузорӣ кунанд.

“Муовини нахуствазири Имороти исломӣ Мавлавӣ Абдулсалом Ҳанафӣ дар дафтари худ бо як ҳайати муштараки сармоягузорони афғон ва рус мулоқот кард”, — хабар додааст РИА Новости аз қавли ӯ.

Ба гуфтаи Самангонӣ, дар ин дидор ҷонибҳо истихроҷи маъдан, бунёди корхонаҳои коркарди нафту газ ва ҳамчунин корхонаҳои тавлиди хӯлаҳоро баррасӣ кардаанд.

Қаблан радиои Sputnik дар бораи нақшаҳои Амрико барои “пур кардани кисаи афғонҳо бо пул” хабар дода буд.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд.