АхборКишварҳои пасошӯравӣОсиёи МарказӣСиёсатТоҷикистонФарҳанг

Абдуқоидир Рустам: Гузоштани тандиси Низоми Ганҷавӣ дар Душанбе фиреби сиёсӣ аст

Дар дидори Соҳиба Ғаффорова – раиси Маҷлиси Миллии Ҷумҳурии Озарбойҷон бо Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон, аз ҷумла масъалаи гузоштани тандиси Рӯдакӣ дар Боку ва тандиси Низомии Ганҷавӣ дар Душанбе баррасӣ шудааст. Ин хабарро, ки дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук нашр шуда, бисёре аз корбарони тоҷики ин шабака писандидаанд….. Вале, ман мутмаинам, ки ин амр фиреби сиёсӣ аз ҷониби мақомдорони Озарбойҷон аст, ки аз ин тариқ мехоҳанд мо тоҷиконро бифиребанд; то бо таҳаққуқ пазируфтани ин амр мо худ иқрор бишавем, ки бале, Низомӣ шоири озарбойҷониҳо аст….. Яъне, мо озариҳо тандиси шоири шумо –Рӯдакиро дар пойтахтамон мегузорем ва шумо иҷозат бидиҳед, ки тандиси шоири мо – Низомӣ дар пойтахти шумо гузошта шавад……

Озарбойҷониҳо, ки пули зиёд доранд, ҳатто омода хоҳанд буд, маблағи ҳам тандиси Рӯдакӣ ва ҳам тандиси Низомиро бипардозанд…… Ва ҳукумати мо ҳам, ки ба туҳфа гирифтан одат кардааст, баъид нест, розӣ ҳам шаванд…… Мавзуи гузоштани тандиси Низомӣ дар Душанбе чанд соли пеш низ аз ҷониби сафорати ҷумҳурии Озарбойҷон матраҳ шуда буд, вале он замон хушбахтона донишмандони Окодемии Улуми Тоҷикистон пазируфтани ин “панири дар мушқапак”-ро рад карда буданд…… Ин бор пешниҳод дар сатҳи баландтар ва ба гунаи ҷолибтар матраҳ шудааст. Вале, набояд фирефта шуд ва онро пазируфт……

Низомии Ганҷавӣ, ки ҳукумати шӯравӣ ба озарбойҷониҳо туҳфа кард, аз бузургтарин шоирони форсу тоҷик аст ва шоистаи он аст, ки тандисаш дар пойтахти Тоҷикистон қад афрозад, вале ин тандис бояд ҳатман бо пули давлати Тоҷикистон ва ё милллати тоҷик сохта ва гузошта шавад….. Агар ниме аз ҷамъияти 10 миллионаи Тоҷикистон 1 доллар бидиҳад (ман худ омодаам 100 доллар бидиҳам) беҳтарин пайкараи Низомиро метавон дар Душанбе гузошт ва ба шармандагии шоири озарбойҷонӣ донистани ӯ роҳ надод!

Бардошта шуда аст аз саифаи

Абдуқодир Рустам

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд.