АмниятАхборОсиёи МарказӣТоҷикистонҶомеа

ИСФАНДИЁРИ ОДИНА: ОЁ ШУМО ШОҲИДИ КУЧОНДАНИ 137 ҲАЗОР НАФАР БУДЕД?

Бисёре аз расонаҳои ҷаҳонӣ аз қавли мақомоти Хархиз гузориш додаанд, ки дар рӯзҳои даргирии марзӣ мақомоти он кишвар 137000 тан аз сокинони маҳаллиро дар манотиқи марзӣ ба маҳаллоти амн кӯч додаанд.
Суоли ман ба марзбонони тоҷик ва сокинони маҳаллӣ дар манотиқи марзӣ: Оё шумо шоҳиди ин гуна рӯйдоди ҳаҷиму бузурге будед? Дидед, ки хархизҳо бо чанд утубус ё васоили дигари ҳамлу нақл 137 ҳазор нафарро аз ҷое ба ҷое мебаранд? Барои тахлияи рустоҳо ва таҳвили сокинонаш аз ҷое ба ҷои дигар аз чи теъдод мошину утубс истифода карданд?
Агар мошину утубсҳои хархизӣ хеле бузургу ҳаҷим бошанд, ки ҳар кудоме 1000 нафарӣ бор карда бошанд, пас 137 утубус ё мошини дигари мусофирбарро шумо дар роҳҳои он минтақа дидед? Шояд бо қатор ин мардумро таҳвил дода бошанд, дар минтақае кӯҳистонӣ ва ҷое, ки роҳи оҳан нест, ин ъаҷиб ба назар мерасад? Шояд аҳ паҳподҳо барои интиқоли мардум истифода кардаанду мо бехабар?
Агар ин ҳама одамро таҳвил доданд, дар куҷо онҳоро нигоҳ доштанд? Чиро як ъакс ҳам аз урдугоҳ ё маҳалли таҷаммуъи мардуми таҳвилшуда мунташир нашудааст?
Омори куштаву захмиҳои Хархиз ҳам ҳар бор бамаротиб бештар аз омори талафоти Тоҷикистон аст. Аммо ба ҷуз яке ду ъакс аз куштаҳо ё маросими ъазо ҳеч ъаксу видеуе мунташир намешавад? Инҳо бароятон ъаҷиб нест? Пас ин маворидро мӯшикофона таҳқиқ кунед ва парвандаи таҷовузи кишвари ҳамсоя а хоки Тоҷикистон изофа кунед ва ба маҷомеъи байналмилалӣ ҳамрасонӣ кунед.
Бардошта шудааст аз саифаи Исфандиёри Одина

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд.