АмниятАхборКишварҳои пасошӯравӣОсиёи МарказӣТоҷикистонҶаҳон

МАҚОМОТИ ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН БА МУЗОКИРОТ ПАРДОХТААНД.

Тибқи гузориши АМИТ Ховар16 сентябри соли 2022 соати 14:00 ҷиҳати ба эътидол овардани вазъият дар хати Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар ННГС Равоти шаҳри Конибодом вохӯрии ҳайатҳои ду ҷониб таҳти роҳбарии Раиси КДАМ ҶТ Ятимов Саймумин Сатторович ва Раиси КДАМ ҶҚ Ташиев Қамчибек Кидиршаевич баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Қӯшунҳои Сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷараёни мулоқот роҳбарони ҳайатҳо ба мувофиқа омаданд, ки шурӯъ аз соати 14:30 ҳамин рӯз оташбас эълон карда мешавад. Бо мақсади ба эътидол овардани вазъият ва таъмини риояи талаботи санади оташбас аз ҳисоби ҳайати роҳбарикунандаи сохторҳои қудратии ду кишвар гурӯҳи кории муштарак ташкил карда шуд. Айни ҳол, вазъият дар хати сарҳад нисбатан ором мебошад.

Аз ҷониби ҚС КДАМ ҶТ вазъият дар хати сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Қирғизистон пурра таҳти назорат гирифта шудааст

Муноқишаи нав дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон субҳи 16-уми сентябр оғоз шуд. Ҳарду кишвар ҳамдигарро сабабгори ҷанҷол медонанд. Тоҷикистон дар бораи захмиён ва ё кушташудаҳо оморе надодааст. Ҷониби Қирғизистон мегӯяд, дар ҷараёни даргирӣ беш аз 40 нафар захмӣ шуданд.

Аз ин пеш, 14-уми сентябр, дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон чанд соат тирпарронӣ рух дод. Дар ин ҳодиса аз тарафи Тоҷикистон ду марзбон кушта ва 11 нафар маҷруҳ шуд. Қирғизистон аз захмӣ шудани ду сарҳадбон ва 3 нафари мулкӣ хабар дод. Ҳарду тараф якдигарро дар сар задани ин муноқиша айбдор карданд.

Тоҷикистону Қирғизистон 970 километр марзи муштарак доранд, ки бахше аз он муайяну нишонагузорӣ нашудааст. Миёни сокинони минтақаҳои марзӣ ҳар чанд вақт бар сари замину чарогоҳ ва об ҷанҷол сар мезанад.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд.