АмниятАхборКишварҳои пасошӯравӣОсиёи МарказӣТоҷикистон

МАҲДӢ СОБИР: МО БОЯД БА РАҚСУ СУРУД ВА КАМАРҶУМБОНӢ… ХОТИМА ДИҲЕМ

Даргириҳои ахири марзии Тоҷикистону Қириғизистон аз мавзуъҳои ҳассосест, ки имрӯзҳо дар сархатти расонаҳои байналмилалӣ низ қарор гирифтаанд.
Ойина
Ҳарчанд барои бори аввал нест, ки ин гуна бархӯрдҳо миёни ин ду ҳамсоя иттифоқ меуфтанд, аммо бархӯрди ахир ба таври густарда таваҷҷуҳро ҷалб кард ва чанде аз расонаҳои хориҷӣ бо дастрасӣ ба манобеи қирғизӣ ин қазоёро бештар бозтоб доданд. Гузашта аз ин, фикр намекунем, мавзуъ фурӯкаш шуда бошад, зеро асли қазия то кунун ҳал нашудааст.
Бо ин ҳол “Ойина” мусоҳибаеро бо Маҳдӣ Собир, коршиноси умури низомии муқими Русия анҷом дод, ҳамакнун назди Шумост.
“ОЙИНА”: Қирғизистон рӯзи душанберо рӯзи мотами миллӣ эълом кард, чаро мақомоти Тоҷикистон дар баробари мусибати мардуми худ сокитанд?
МАҲДӢ СОБИР: Ҳама ва аз ҷумла ман ҳам ҳайронам, ки чаро Ҳукумати Тоҷикистон ба хотири шаҳидони он рӯз мотами миллӣ эълон намекунад. Бояд ҳатман рӯзи мотами миллӣ эълон кунанд. Зимнан ҳамаи афсарону сарбозон ба мукофоти олии Ватан Қаҳрамони Тоҷикистон қадр шаванд.
Коршиносони аршади қирғиз навиштаанд, аз сабаби он ки Тоҷикистон як кишвари худкомаи диктаторист, дар он инсон қадре надорад. Беш аз 60 нафар дар ҷанг шаҳид шудааст, аммо ҳукумат ба хотири гиромидошти онҳо ҳатто рӯзи мотами миллӣ эълон намекунад.
Шояд Раҳмон бо ин роҳ мехоҳад хотираи таърихро пок кунад, то ояндагон надонанд, ки дар замони роҳбарии ӯ чунин воқеаи нангин ба амал омада буд.
“ОЙИНА”: Монанди ин ҳодиса дар ҳар навбати оғози даргирии марзӣ Қирғизистон Тоҷикистонро ба шуруъ кардани таниш муттаҳам мекунад, дар ҳоле ки дар бештари маворид тарафи қирғиз ҷангро шуруъ кардааст. Ба назари Шумо, чаро дар ҷанги иттилоотӣ тарафи Тоҷикистон қафо мондааст ва наметавонад аз рӯи фактҳову видеоҳо исбот кунад, ки оғозгари ҷанг кӣ буда?
МАҲДӢ СОБИР: Қирғизҳо амалиётро дар нуқтаҳое оғоз мекунанд, ки он минтақаҳоро алакай ҳудуди худ медонанд. Масалан, онҳо амалиётро дар Хоҷаи Аъло ё Оқсой оғоз мекунанд. Вақте нерӯҳои мо ба он ҷо мераванд, донистаю надониста сабт карда, дар шабакаҳо паҳн мекунанд. Масалан, оташ задани қисми низомӣ, хонаҳо, парчам задан болои бомҳо ва биноҳои маъмурӣ, ҷойгир шудани мавқеъҳои сарбозон, сурати онҳо, силоҳу муҳимоташон, ки ин ҳамаро қирғизҳо устокорона ба зидди худи мо истифода мекунанд.
Дигар ин ки хуб аст ё ганда, низоми сиёсии Қирғизистон демократист ва Қирғизистонро ҳамчун “ҷазираи демократӣ дар Осиё” шинохтаанд. Дар ҷомеаи демократӣ изҳори назар ва сухан гуфтан озод аст.
Дар мо ин ҳама мамнуъ аст. Блогеру журналистон аз гуфтани сухани ҳақ метарсанд. Баъди воқеаҳои Бадахшон ва ба зиндон рафтани 7 журналисти касбӣ тарсу ҳарос дар байни рӯзноманигорон зиёд шудааст. Дигар ин ки журналистони тоҷик танҳо бо забони тоҷикӣ менависанд. Дар мо ҳанӯз журналистоне, ки бо чандин забон нависанд, нестанд.
Сабаби дигар ин аст, ки интернет дар Тоҷикистон хеле заиф асту ҳамчунин гарон. Бо чунин интернет намешавад, ки дар ҷанги иттилоотӣ иштирок кард, ғалаба як сӯ истад.
“ОЙИНА”: Зимнан ҳар боре даргириҳо сурат мегиранд, гумагӯҳое дар миёни баъзе доираҳо ба гӯш мерасанд, ки гуфта мешавад, ҷониби Тоҷикистон бо таваҷҷуҳ ба манофеи баъзе доираҳо, ки дар қочоқи нафт аз Қирғизистон ба кишвар даст доранд, амал мекунад. Оё чунин овозаҳо, ба назари Шумо, метавонанд асос дошта бошанд?
МАҲДӢ СОБИР: Ин овозаҳо асос надоранд. Марзи Тоҷикистону Қирғизистон 1,5 сол боз баста аст. Ин овозаҳои душманони миллатанд.
“ОЙИНА”: Аз чанд вақти пеш ва баъд аз ҳодисаи апрелу майи соли 2021 Қирғизистон бо хариди таҷҳизоти низомӣ, ба вижа ҳавопаймои бесарнишини “Байрактар” ҳадафҳои таҳоҷумиро дар марз дунбол мекард. Ҷанги кунунӣ нишон дод, ки ин кишвар аз ҳавопаймои ҷангӣ истифода кардаасту маконҳои иҷтимоӣ ва маданиро ҳадафи гулӯла қарор додааст. Чаро мо ҳамлаи ҷавобӣ надодем ва аз ҳавопаймои бесарнишини “Абобил -2” ё ягон силоҳи ҳамтарози “Байрактар” посух надодем?
МАҲДӢ СОБИР: Қирғизистон кадом силоҳу муҳимоте мехарад, дар ин хусус соҳибихтиёр аст. Кайҳо мо медонем,ки Қирғизистон аз Туркия дастгоҳҳои “Байрактар” туҳфа гирифтааст. Зеро Туркия ҳоло аз нооромӣ дар Русия ва Украина истифода карда, мехоҳад ба орзуи деринаи худ – ташкили имперотурии туркҳо дар Осиёи бузург бирасад. Ба ин мақсад ба Қирғизистон ёрии техникӣ ва молии фаровон кард. Дар ҳамаи нуқтаҳо қисмҳои низомӣ сохта истодааст. Устодони турк ба афсарони қирғиз тарзи истифодаи “Байрактар”-ро меомӯзонанд. Зарбаҳо ба воситаи “Байрактар”-ро туркҳо ба мо заданд. Аммо ин маънои онро надорад, ки мо даст болои даст нишаста бошем. Мо ҳам силоҳҳои хеле қавӣ, С-300 ва РСЗО дорем, ки қобилияти ҷангии хеле калон доранд.
Касе, ки мутахассиси соҳаи ҳарбист, медонад, ки қирғзҳо бо силоҳҳои замонавӣ мусаллаҳ ва дар ҳолоти дифоӣ буданд. Нерӯҳои мо қаҳрамонии беандоза нишон доданд: ба ҳуҷум гузаштанд. Дар ҷанги ҳуҷумӣ бояд аз чор се қисми сарбозон талаф ёбанд. Сипас ҷанги ҳуҷумиро ба ҷанги рӯ ба рӯ табдил доданд. Ҷанги рӯ ба рӯ ҷангест, ки ду тараф ба ҳуҷум мегузаранд ва масъаларо бо роҳи нест кардани гурӯҳи дигар ҳал мекунанд. Дар чунин ҳол нерӯҳои қирғиз тоб наоварда, то Бишкек гурехтанд. Сарбозони мо силоҳу муҳимоти зиёде ба даст оварда, вилояти Боткандро ишғол карданд. Дар ин ҷанг новобаста дар ҳолати мудофиа қарор доштани нерӯҳои душман онҳо мавқеашонро аз даст доданд: қисме кушта, қисме асир афтода, қисме гурехтанд. Мо хеле зарбаи сахт задем ба қирғиз.
Аз он ки қирғизҳо ба масҷиду мактаб, беморхона ва мошини ёрии таъҷилӣ ҳуҷум карданд, онҳо дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ сарафкандаанд. Тамоми ҷанг ба ғалабаи мо анҷом ёфтааст.
“ОЙИНА”: Шумо бовар доред, ки қирғизҳо дар танишҳои баъдии эҳтимолии дигар бо дарназардошти заъфи мо дар робита ба додани посух ба ҳамлаҳои ҳавоии эшон аз “Байрактар” истифода накунанд?
МАҲДӢ СОБИР: “Байрактар” доштан ин маънои қавӣ буданро надорад. Бо “Байрактар” танҳо ба гурӯҳҳо, МҶП, танк, мошинҳо зарба мезананд, лекин мо ҳам дастгоҳҳои бесарнишини эронӣ ва амрикоӣ, СС 300, мушакҳои замин ба замин дорем, дастгоҳҳои реактивии “Град”, “Катюша”, “Су-32” ва РСЗО дорем. Аммо он чӣ дар марз гузашт, ҳанӯз ҷанг набуд. Ин як нооромии сарҳадӣ буд.
Мо заиф нестем. Мо инсонем ва инсонвор муносибат мекунем.
Дар наворе дидам, ки сарбози қирғизи дар иҳотамондаро беозор боздошт карданд. Магар қирғиз бо сарбози мо чунин муносибат мекард? Ҳеҷ гоҳ қирғизҳо асир намегиранд, зеро онҳо террористанду ҷинояткор.
“ОЙИНА”: Чӣ бояд кард ва чӣ гуна посух дод дар ин гуна ҳолат?
МАҲДӢ СОБИР: Бояд дар самти Исфара, Ворух нерӯҳоямонро тақвият кунем. Шароити иҷтимоии афсарону сарбозон ва аҳолии наздисарҳадиро беҳтар намоем.
Ман чанд бор ба Исфара, Ворух сафар кардам. Вазъи иҷтимоии мардум он ҷо хеле бад буд. Роҳ то Ворух вайрону валангор буд. Ҳатто дар Ворух ҷамоат дар як бинои вайрона ҷойгир буд. Аҳолии он ҷо ба Русия кӯч баста истода буданд. Имрӯз аз нисф зиёди мардуми Исфара дар Ҳавзаи миллии Хантимансийск зиндагӣ доранд.
Бояд ба чунин нуқтаҳои доғ бештар диққат дод. Қирғизҳо барои аҳолиашон шароити хуб муҳайё кардаанд. Мо бояд ба рақсу суруд, камарҷумбонӣ, таҷлили ҷашнҳои беҳуда хотима диҳем. Он маблағҳоро барои ободии Исфара ва Ворух сарф кунем. Бояд аз ҳисоби ҷавонмардони хоҳишманди Бадахшон, Рашт, Дарвоз, Кӯлоб баталонҳои таъйиноти махсус сохта, онҳоро дар Хоҷаи Аъло, Ворух, Чорҷишлоқ, Чоркӯҳ ва Хастеварз ҷойгир кунем. Зеро дар тӯли таърих ҷавонмардони Қаротегин, Бадахшон, Вахё, Дарвоз, Кӯлоб бо қирғизҳо ҷангида, онҳоро аз водии Қаротегин ронда буданд. Дар Фарғона ҳам ин мардум бо роҳбарии атолиқон Қаноатшоҳ, Ёқуббеки Қаротегинӣ ва Шоҳхоҷаи Вахиёгӣ ба муқобили қирғизҳо ҷангидаанду дар ин минтақа номи тоҷикро зинда нигоҳ доштаанд.
Посух ба қирғиз танҳо яктост: қирғизро бояд саркӯб кард.
Барои он ки минбаъд боз чунин аҳдшиканӣ такрор нашавад, ба он заминҳое, ки мувофиқи харита аз мо мебошанд, қирғизҳо дигар бояд роҳ дода нашаванд. Онҳо дар замини тоҷикон, дар тангии Ворух соли 1975 деҳае бо номи Оқсой бунёд карданд. Чанд оилае дар Хоҷаи Аъло зиндагӣ мекунанд. Бояд ба онҳо пешниҳоди пазируфтани шаҳрвандии Тоҷикистон карда шавад. Агар напазиранд, хонаҳояшонро ба тоҷикон фурӯшанд ва ба Қиризистон кӯчида раванд. Агар инро напазиранд,бо зӯрӣ онҳоро рондан даркор ва ҳукумат пули хонаҳояшонро ҷуброн кунад, зеро онҳо аз самти Оқсой ба Хоҷаи Аъло роҳ кушода, ноҳияи Лайлакро, ки анклава аст, ба вилояти Боткант мепайванданд ва Ворухро анклава мекунанд. Ҳамчунин “Головной”-ро аз худ карда, обро назорат мекунанд. Дар оянда онҳо мехоҳанд Исфара, Конибодом ва қисме аз Ӯзбакистонро беоб монанд, обро бошад, ба чанд ҳавзи Боткантбуда интиқол дода, захира кунанд.
“ОЙИНА”: Бо таваҷҷуҳ ба ин ки даргирии марзӣ дар замони баргузории нишасти Созмони Ҳамкории Шонгҳой шуруъ шуд, оё ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки дасти савуме дар ин даргирӣ вуҷуд дошт ва агар ҳа, пас ин кори кӣ метавонад бошад?
МАҲДӢ СОБИР: Бале, ин даргирӣ дар рӯзҳои баргузории нишасти Созмони Ҳамкории Шонгҳой шуруъ шуд. Ин дерижёру режиссиёрҳои худро дошт. Қувваҳое ҳастанд, ки мехоҳанд ба ин восита ба нуфузи Русия ва Чин зарба зананд. Зеро Тоҷикистон ва Қирғизистон аъзои СПАД ва СҲШ ҳастанд. Ин мувофиқи маслиҳати пешакии амрикоиён бо туркҳо ва роҳбарони олами ҷиноии Қирғизистон Қамчибек Тошиеву Содир Ҷабборов амалӣ шуд. Ин натиҷаи таҳлилест,ки раднашаванда аст.
Қувваи сеюм дар ин мунозиа амрикоиҳо ва туркҳо мебошанд. Онҳо мехоҳанд дар Осиёи Миёна, ки минтақаи зери нуфузи русҳост, нооромӣ эҷод кунанд ва кишварҳои туркиро дар як иттиҳод ҷамъ карда, нуфузи Русияро дар минтақа коҳиш диҳанд.
“ОЙИНА”: Ба назари Шумо, чаро дар оғоз тарафи Қирғизистон ба пешниҳоди оташбас ва гуфтушуниди Тоҷикистон ҷавоб надод?
МАҲДӢ СОБИР: Қирғизҳо ба ин ҷанг омодагии ҷиддӣ дида буданд. Маслиҳатгарони турк силоҳҳои ҳозиразамон доштанд. Аз саросари кишвар ҷинояткоронро ба марз оварда буданд. Аҳолии марзиро ба ҷойҳои бехавф интиқол доданд. Онҳо мехостанд то Хуҷанд оянд. Аммо бо қувваи калон, техникаи навтарин як метр пеш омада натавонистанд. Баръакс мавқеъҳояшонро аз даст доданд. Дар Қирғизистон як иғтишош ба амал омад. Нерӯҳои ҳарбӣ гурехтанд. Қамчинбек сарукалобаашро гум кард. Ҳама гурезогурез… дар чунин вазъият касе набуд, ки ба пешниҳоди сулҳ ҷавоб диҳад.
Намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон баъди ғалабаи “Толибон” саросемавор ба табрики “Толибон” рафт. Паси дарҳои баста дар бораи мавқеияти миллати тоҷикро чӣ гуна танг кардан радду бадалҳо карданд. Ваъда доданд, ки шумо болои тоҷикон фишор оред, мо шуморо бо расмият мешиносем.
“ОЙИНА”: Магар ин даргириҳо ба ҷонибҳо дар музокирот мазияте дода метавонанд?
МАҲДӢ СОБИР: Маълум, ки дар ин қазия дипломатия кор намеояд. Зеро қирғиз фаҳми дипломатияро надорад. Онҳо мехоҳанд аз зӯр кор гиранд. Вале дарк намекунанд, ки таҳаммули мо аз тарс нест ва агар лозим ояд, дар чанд рӯз бо Бишкек ҳамаро зери назорат мегиранд. Ҳоло коршиносони қирғиз дарк кардаанд, ки зӯрашон ба Тоҷикистон намерасад. Албатта, ин ҳама таъсир дорад.
“ОЙИНА”: Дар охир, ба назари Шумо, роҳҳали ин мушкил дар куҷост? Оё метавон ин низоъро решаӣ ҳал кард?
МАҲДӢ СОБИР: Роҳи ҳалли ин мушкилот он аст, ки бояд фориғбол нанишинему артиши тавоно созем, артиши касбӣ. Онро бо силоҳу муҳимоти замонавӣ муҷаҳаз гардонем. Коркарди уранро оғоз намоем. Корхонаи Табошаҳрро аз нав гардон кунем. Мақоми ходими низомиро баланд бардорем. Ноҳияҳои наздисарҳадиро ободу зебо гардонем. Дар шаҳракҳо ҳамаи афсару сарбозро ба хона таъмин кунем. Мактабу боғча, фароғатгоҳҳо созем, то сафи хидматчиёни ҳарбӣ афзоиш ёбад ва танҳо артиши пурқудрат такиягоҳи мо мебошад!
“ОЙИНА”: Ташаккур.
Бардошта шудаст аз сомонаи “ОЙИНА”

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд.