АмниятАхборОсиёи МарказӣҶаҳон

СОЗМОНИ МИЛЛАЛ: БА ШИДДАТ НИГАРОНИ ҲУҚУҚИ БАШАР ДАР АФҒОНИСТОН ҲАСТЕМ

Намояндагии сиёсии Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон (UNAMA) гуфтааст, ки “аз нақзи ҳуқуқи башар дар Панҷшер ва манотиқи дигари ин кишвар” ниҳоят нигарон аст.
UNAMA рӯзи чоршанбе дар Твиттер навишт: “Тарафҳо ӯҳдадориҳои байналмилалӣ доранд, ки ҳуқуқи маҳбусонро дар бар мегирад.”
Дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон низ бидуни зикри номи Толибон гуфтааст, ки вазъро назорат мекунад ва “мехоҳад омилони ҳар гуна ҷиноят ба ҷавобгарӣ кашида шаванд”.

Рӯзи гузашта дар шабакаҳои иҷтимоӣ се навори видеоӣ аз боздошт, тирпарронӣ ва марги чанд аъзои “Ҷабҳаи Муқовимати Миллӣ” аз сӯи Толибон паҳн шуд. Ин наворҳо рӯзи душанбе дар деҳаи Шабаи ноҳияи Ханчи Панҷшер сабт шудаанд. Дар яке аз ин наворҳо Толибон асиронро тирборон мекунанд ва дар навори дуввум чеҳраи асирон шиносоӣ мешавад.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд.