АмниятАхборОсиёи МарказӣҶаҳон

ХОЛИД АМИРӢ: ТАҲТИ ТАЪСИРИ ТАБЛИҒОТИ ДШМАН ҚАРОР НАГИРЕД

Холид Амирӣ, фармондеҳи Ҷабҳаи Муқовимати Миллӣ дар Панҷшер, дар як паёми аудиоӣ дар робита ба чаҳор рӯзи ҷанг аз мардум хостааст, ки “таҳти таъсири таблиғоти душман” набошанд.
Ба гуфтаи оқои Амирӣ, талафоти Толибон дар ҷанги чаҳоррӯза дар Панҷшер бештар аз интизори онҳо буд ва ба ин далел онҳо наворҳои кушта шудани нерӯҳои муқовиматро барои “нишон додани пирӯзии худ” мунташир кардаанд.
Оқои Амирӣ мегӯяд, Толибон қасд доштанд дар ҳамин ҳамлаҳои чаҳор рӯзи ахир муқовиматро анҷом диҳанд, аммо муваффақ нашуданд.
Дирӯз Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон гуфт, ки онҳо дар Панҷшер амалиёти поккорӣ анҷом доданд ва дар натиҷа нерӯҳои муқовимат 40 нафарро кушта ва беш аз 101 нафарро асир гирифтанд.
Сибғат Аҳмадӣ, сухангӯи ҷабҳа марги 11 партизани муқовиматро пазируфт ва гуфт, ки Толибон дар набардҳои рӯзҳои шанбе ва якшанбе беш аз 70 нафарро кушта доданд.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд.