АмниятАхборКишварҳои пасошӯравӣОсиёи МарказӣТоҷикистон

ҚДАМ ТОҶИКИСТОН МАРЗБОНҲОИ ҚИРҒИЗРО ДАР ТИРПАРРОНИИ НАВБАТӢ ДАР МАРЗ АЙБДОР КАРД

Марказҳои матбуоти Қӯшунҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон хабар меиҳад, ки рӯзи14 сентябри соли 2022, тахминан, соати 07-15 дақиқа, аз ҷониби сарҳадбонони пости сарҳадии «Булакбошӣ»-и отряди сарҳадии Боткони Ҷумҳурии Қирғизистон ба тарафи дидбонгоҳи сарҳадии «Кех»-и отряди сарҳадии Исфараи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бе ягон сабаб, аз миномёт 4 гулӯла парронда шуд ва мавқеи сарҳадбонони тоҷик бо истифода аз силоҳҳои ПК, АК ва дигар аслиҳаи оташфишон мавриди ҳамла қарор гирифт. Ғайр аз ин, аз ҷониби Ҷумҳурии Қирғизистон қувва ва воситаҳои иловагии ҳарбӣ ба минтақаи мазкур интиқол дода шуданд. 

Аз тарафи сарҳадбонони Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ оташи ҷавобӣ кушода шуда, айни замон бо мақсади ба эътидол овардани вазъият ва муайян намудани сабабҳои иқдоми моҷароҷӯёнаи неруҳои сарҳадии кишвари ҳамсоя гуфтушунид байни намояндагони сарҳадии ду ҷониб ба роҳ монда шудааст.

Бино ба фарзияи Хадамоти марзбонии Қирғизистон, як дастаи марзбонони қирғиз дар мавзеи Булакбошӣ гуруҳи марзбонҳои тоҷикро дидаанд, ки “бар хилофи тавофуқоти қаблан бадастомада дар як қитъаи ташхисношудаи марз мавқеи ҷангӣ гирифтаанд”. Марзбонҳои қирғиз талаб кардаанд, ки марзбонҳои тоҷик ин мавзеъро тарк кунанд ва гӯё баъди ин марзбонҳои тоҷик тир кушода, аз миномётҳо низ истифода бурдаанд. Бино ба фарзияи ҷониби Қирғизистон, баъди ин марзбонҳои қирғиз низ оташи ҷавобӣ кушодаанд ва тирпарронӣ шурӯъ шуда, камокон тақрибан то соати 10 давом кардааст.

Ёдовар мешавем, ки дар солҳои 2021 ва 2022 дар натиҷаи задухӯрдҳои мусаллаҳона дар марзи ду кишвар дастикам 59 нафар  (36 нафар аз ҷониби Қирғизистон ва 23 нафар аз тарафи Тоҷикистон) кушта шуда, ҳудуди 270 нафар  аз ҳарду ҷониб захмӣ шуданд.

Марзи Исфараву Ворух бо ноҳияи Бодканд як нуқтаи аз ҳама доғ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба шумор меравад.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд.